Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро тавсеа мебахшанд

Апрель 18, 2017 18:56

ДУШАНБЕ, 18.04.2017./НИАТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Малайзия тасмим гирифтаанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гунонун ривоҷ бахшанд. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар  Муҳаммадӣ ва Вазири захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Малайзия доктор Ҳоҷӣ Ван Ҷунайдӣ ибни Туанку Ҷаафар  ибрози андеша намуданд. Мулоқоти онҳо имрӯз,  18 апрели 2017 дар пойтахти ин кишвар –  шаҳри  Путраҷай доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Майлайзия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд. Ҳамчунин масоили вобаста ба пайдо кардани роҳҳои рушди бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бояд зикр намуд, ки масъалаҳои вобаста ба ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо байни ду кишвар, аз ҷумла ифтитоҳи бинои Сафорати Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз кардани он  тобистони соли 2014 ҳангоми сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия, ки бо имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ анҷом пазируфт, матраҳ гардида буданд.  Музаффар Муҳаммадӣ бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 18 майи соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия таъйин шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки  моҳи марти соли ҷорӣ ба барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия 25 сол пур шуд.

Апрель 18, 2017 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд