19 май -Рӯзи байналмилалии мубориза бо гепатит: беморие, ки пурра муолиҷа мешавад

Май 19, 2017 17:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.    Рӯзи байналмилалии мубориза бо гепатит (қубод, зотулкабид) аз соли 2008 бо ташаббуси Иттиҳоди байналмилалии мубориза бо гепатит 19 май таҷлил карда мешавад. Ин рӯз беш аз 200 ассотсиатсияи беморонро дар беш аз 50 давлати ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад. Гепатит яке аз бемориҳои хавфнок буда, ба ҷигари инсон зарар мерасонад. Беморӣ оҳиста-оҳиста  оғоз ёфта, бе ягон аломат мегузарад,  бинобар ҳамин онро «қотили меҳрубон» меноманд.

Бино ба маълумоти оморӣ, ҳар як 12-ум нафар дар ҷаҳон вируси гепатити В  ё С дорад.

 

 

Мирочов _3__1Духтури гастроэнтеролог, академик Ғиёсиддин Меҳроҷов иброз дошт, ки мушкилоти ташхис ва ошкор намудани ин беморӣ то ҳол дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. «Имрӯз дар Душанбе ташхисгоҳҳои давлативу ғайридавлатӣ хеле зиёд гаштаанд, вале на ҳамаи онҳо ташхиси дуруст мегузаронанд. Агар бемор бо вируси гепатит дар  се ташхисгоҳ хун супорад, ба ӯ се навъ ҷавоб пешниҳод мекунанд. Ин, албатта, ҳам кори духтурон ва ҳам беморонро душвор месозад, зеро ҳар як  ташхиси  бемории  гепатит иборат аз чанд таҳлил,  500 сомонӣ нарх дорад. Ин барои беморон хеле гарон меафтад. Аз ҳамин сабаб мо чанд рӯз пеш бо намояндагони ташхисгоҳҳои пойтахт як машварати махсус гузаронида, ин масъаларо дар доираи он баррасӣ намудем. Тариқи чунин машваратҳо мо мехоҳем ин мушкилотро дар пойтахт бартараф намоем»,-илова намуд Ғ. Меҳроҷов.

Бино ба гуфтаи академик, дар ҷаҳон 9 навъи вируси гепатит ошкор гардидааст, аз ҷумла А, В, С, Д, Е, J, T  ва ғайра. «Аз ҳамин 9 навъи  вирус, танҳо вируси А ба ҷигар кам таъсир мерасонад.  Дигар вирусҳо таъсири бад расонида, ҳатто метавонанд ба сиррози ҷигар ва ё раки ҷигар оварда расонанд. Аз ҳамин сабаб пешгирӣ ва табобати ин беморӣ мушкилоти мубрами илми тиб ва мутахассисон мебошад»,- зикр намуд табиб.

Ба андешаи Ғиёсиддин Меҳроҷов, қабули «Қонун дар бораи муоинаи тиббии ҳатмии навхонадорон пеш аз издивоҷ» саривақтӣ мебошад, зеро ҷавонон пеш аз никоҳ бемории худро муайян ва муолиҷа мекунанд. «Ин имкон медиҳад, ки натанҳо ин ҷуфти оиладоршаванда аз бемориҳои вирусӣ эмин мемонанд, балки фарзандони солим ба дунё меоранд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки танҳо дандонпизишкон сирояткунандаи вируси гепатит ҳастанд, аммо ин андеша нодуруст аст.  Имрӯз духтурони занона, кормандони маркази хун, ҷарроҳон, шахсоне, ки дар кошонаҳои ҳусн кор мекунанд,  метавонанд паҳнкунанди ин вирсус бошанд. Ҳатто оро додани нохун дар кошонаи ҳусн метавонад ба бемории гепатити мубтало намояд.  Имрӯз қариб дар тамоми марказҳои дандонпизишкӣ вируси гепатити В ва ё С  бо усули тестӣ муайян карда мешавад, Ҳар як шахс бояд назди духтури дандон бо асбобҳои яккаратина ва ё худ ояд»,-зикр намуд академик Мироҷов.

Ба андешаи табиб, имрӯз бемории гепатит пурра муолиҷа мешавад.  «Ҳоло доруҳои нав кашф шудаанд, ки дар муддати 3-5 моҳ метавонанд бемории вируси гепатити В ва С-ро пурра табобат намоянд. Ин амал инчунин нисбат ба солҳои пешин камхарҷтар шудааст. Агар пештар беморон барои дору то 10 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мекарданд, имрӯз онро ба маблағи 500-600 доллар метавонанд харидорӣ кунанд. Танҳо муолиҷаи вируси гепатити  Д каме мушкилтар аст, вале он ҳам пурра муолиҷашаванда мебошад»,-афзуд мусоҳиб.

Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, барои пешгирии паҳншавии вируси гепатит ба ҳамаи мутахассисони соҳаи тиб супориш дода шудааст, ки ҳангоми кор бо беморон чораҳои профилактикиву санитариро риоя кунанд. Аз ҷумла, бо мақсади бемор нашудани худи табиб ва дигар беморон бояд, ки ҳар як табиб  дастпӯшаки махсус, даҳанпӯш ва асбобҳои якдафъаинаро истифода намояд.

 

 

Май 19, 2017 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон