Имрӯз, 18 майи соли 2017, рӯзи панҷшанбе, рӯзи 138–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 227 рӯзи дигар мондааст.

Май 18, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

18 майи соли 2010 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) қисмати фарҳангии муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Бӯстонсарои ҳукуматии беруназшаҳрии «Пуғус» дар чаҳорчӯби вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд бо дастгирии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форуми соҳибкории Душанбе- 2013» баргузор гардид.

***

 18 майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин баррасӣ шуданд.

***

Ҳамчунин 18 майи соли 2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати соҳибкорону тоҷирони Ҷумҳурии Федеролии Олмон, ки таҳти  роҳбарии директори генералии Кумита оид ба иқтисодиёти шарқ Райнер Линдер  барои иштирок дар анҷумани тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон ба Душанбе ташриф оварда буд,  мулоқот кард.

***

969 сол муқаддам, 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопури Эрон  Умари Хайём ба дунё омадааст. Ӯ дар синни 8-солагӣ Қуръонро аз худ кард ва ба омӯзиши илмҳои математика, астрономия ва фалсафа пардохт. Дар 12-солагиаш толибилми Мадрасаи Нишопур гардид. Имрӯз рубоиёти Хайёмро дар тамоми ҷаҳон мутолиа мекунанд. Хайём 4 декабри соли 1131 дар шаҳри Нишопури Эрон аз олам даргузашт.

***

Ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин иди фарҳангӣ аз соли 1977 дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо бо пешниҳоди ташкилотҳои Россия ба миён омад ва аз соли 1978 зиёда аз 150 давлати дунё онро ҷашн мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз дар ҳамаи осорхонаҳо барномаҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.

 

 

Май 18, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст