ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат гиёҳҳои наврустаи шифобахш фаровон гардидааст, ки истеъмоли онҳо ба организм фоидабахш мебошанд. Истеъмоли рустаниҳои шифобахш дар шакли тару тоза ва хушк барои бартараф намудани баъзе бемориҳо тавсия дода мешавад. Онҳо аз қадимулайём дар табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд ва дар тибби халқӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Яке аз рустаниҳои шифобахш пудина ва шибит мебошад, ки бо хосиятҳои шифобахшии худ маъруф мебошанд. Ин рустаниҳо на танҳо дар тибби анъанавӣ, балки дар тибби муосир низ мавриди истифода қарор доранд.
Пудина
Пудина аз антиоксидантҳо бой аст. Он бештар барои таъми тароватбахшаш дар маҳсулоти нигоҳубини даҳон, аз қабили хамираи дандоншӯйи ва даҳоншӯйӣ истифода мешавад. Равғани эфирии пӯдина барои доштани бӯи руҳбахш дар атрҳо, шамъҳо ва маҳсулоти нигоҳубини пӯст истифода мешавад.
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки пудина дамиши шикам ва ихтилоли ҳозимаро пешгирӣ намуда, дард ва рагкаширо таскин мебахшад. Пас аз 4 ҳафтаи истеъмоли пӯдиначой нишонаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима тақрибан 40 фоиз коҳиш меёбанд. Ҳамчунин капсулаҳои пудинагӣ дар онҳое, ки аз химиотерапия мегузаранд, дилбеҳузуриро пешгирӣ менамоянд.
Азбаски пӯдина мушакҳоро суст ва шиддатро рафъ менамояд, он метавонад дар мубориза бо баъзе намудҳои дарди сар кумак расонад. Равғани пӯдинаро ба ду чаккаи сар молидан беҳтар аст. Ба нафароне, ки аз фишори хун азият мекашанд, нӯшидани чойи пудинагӣ тавсия дода мешавад. Пудиначой ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад, сатҳи энергияро афзоиш медиҳад ва хоби рӯзонаро пешгирӣ менамояд. Инчунин барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, истифодаи пӯдина барои гипотонияи артериалӣ, бавосир ва рагҳои варикозии узвҳои поён манъ аст. Як пиёла чойи гиёҳии тару тоза метавонад ба осонӣ аксуламали аллергияи пӯст ё роҳи нафасро ба вуҷуд орад.
Шибит
Шибит аз навъҳои дастрастарин сабзаҷот буда, аз витаминҳо, флавоноидҳо, каротиноидҳо, нахҳо ва дигар антиоксидантҳо бой мебошад. Истеъмоли он организмро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат намуда, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Инчунин бо илтиҳоб мубориза бурда, таъсири зидди саратонӣ дорад.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки истеъмоли шибит дар ҳолати тару тоза, хушк ва тухми он ғализиҳои меъдаро тоза намуда, дарди пуштро шифо мебахшад. Барги тоза, хушк ва ё тухми шибитро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди гурдаро таскин бахшида, пешобро равон мекунад ва ҷигари заифро ба ислоҳ меоварад.
Ба гуфтаи мутахассисон, хӯрдани шибит барои узвҳои ҳозима фоидаовар мебошад. Он иштиҳоро оварда, кори рӯдаҳоро беҳтар месозад. Доруҳое, ки таркибашон дар асоси шибит омода шудааст, барои муолиҷаи метеоризм ва гастрит истифода бурда мешаванд.
Дар таркиби ин растанӣ витамини С нисбат ба ситрусҳо ду маротиба бештар аст. Ҳамзамон шибит дорои витаминҳои РР, тиамин, рибофлафин ва намакҳои минералӣ мебошад.
Шибитро дар хӯрок истеъмол карда, чун воситаи табобатӣ васеъ истифода мебаранд. Равғани аз тухмии ин растанӣ омодашуда яке аз элементҳои асосӣ ва ҳамешагӣ барои таҳияи лавозимоти ороишӣ маҳсуб мешавад. Онро ҳамчун маводи хушбӯйкунанда омехта менамоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар аз ин бисёр бихӯред, барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам гарм аст. Шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо месозад. Агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шуда бошад, аз ҳад зиёд ва бардавом бинӯшед, ба майна, чашм, меъда, хичак ва гурда зарар мекунад, яъне ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад.
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Истифодаи нодурусти маводи пластикӣ ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад






