Имрӯз, 24 майи соли 2017, чоршанбе, рӯзи 144 –уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 221 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Май 24, 2017 09:43

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

24 майи соли 1925 нахустин шумораи рӯзномаи «Комсомолская правда» нашр шудааст, ки он дар замони шуравӣ миллионҳо нусха чоп  мешуд ва яке аз рӯзномаҳои бонуфузтарини собиқ СССР буд.

***

985 сол муқаддам,  24 майи соли 1032 нахустин маротиба донишманд ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз гардиши  Зуҳра дар атрофи Офтоб хабар дода буд.

***

350 сол пеш, дар ин рӯзи соли 1667 Франсия бар зидди Испания ҷанги инқилобӣ оғоз кард.

***

 173 сол қабл аз ин, 24 майи соли 1844  телеграфи Морзе (содатарин асбоби  фиристодани сигналҳо) аввалин барқияро аз Вашингтон ба Балтимор равон карда буд.

***

24 сол муқаддам, 24 майи соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нахустин  сафари расмӣ  ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шӯрои роҳбарони  сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои  роҳандозӣ кардани чорабиниҳои муштараки фаврӣ- ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ карор гирифта буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе маросими пешвозгирии расмии Президенти ҳамонвақтаи Хорватия Степан Месача бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

***

24 майи соли 2010 конфронси илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонони тарҷумони асарҳои бадеии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард, ки дар он ҷавонони тарҷумон аз 10 кишвар- Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Украина, Молдава ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. 

***

24 майи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шурӯъ кард.

***

Се сол пеш- 24 майи соли 2014 байни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.

***

24 май дар Россия Рӯзи коркунони шуъбаи кадрҳо мебошад, ки аз соли 2005 инҷониб таҷлил карда мешавад

 

 

Май 24, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст