Имрӯз, 28 майи соли 2017, рӯзи якшанбе, рӯзи 148–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 217 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Май 28, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

28 майи соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

23 сол муқаддам, 28 майи соли 1994 Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангин таъсис ёфтанд ва дар натиҷаи ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Тоҷикистон мубаддал гардиданд. Инак ҳамасола 28 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи сарҳадчиён тақлил карда мешавад.

***

99 сол муқаддам, 28 майи соли 1918 Арманистон ва Озарбойҷон истиқлолияти худро эълон карданд.

***

56 сол муқаддам, 28 майи соли 1961 дар Лондон  ташкилоти мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқ, «Афви умумии байналмилалӣ» таъсис дода шуд. Ҳамаи корҳои ташкилоти мазкур дар асоси  устувории эътиқод ба: ҳимояи ҳуқуқҳои инсон- масъулияти умум берун аз сарҳадоти давлатҳо ва мафкураи омма роҳандозӣ карда шудааст. Ташкилкунандаи он ҳуқуқшиноси бритонёӣ Питер Бененсон мебошад. Соли 1977 ташкилоти мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқ, «Афви умумии байналмилалӣ»   ҷоизаи сулҳи Нобелӣ ва соли 1978 ҷоизаи СММ дар самти мубориза бо ҳуқуқҳои инсонро соҳиб гардид. Ҳоло ташкилоти мазкур  дар зиёда аз 150 кишвари дунё бештар аз 7 миллион тарафдорони худро дорад.

***

28 майи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷарайёни ин сафар се ҳуҷҷат байни Тоҷикистон ва Туркия имзо шуд.

***

28 майи соли 2012 дар Минск Ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

***

 Ҳамасола 28 май дар Эфиопия Рўзи суқути низоми ҳарбӣ таҷлил карда мешавад. Ин ид соли 1947 таъсис дода шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

Май 28, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст