Аз 1 июл вакилони Парлумони Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд

Июнь 30, 2017 14:47

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июл то 15 августи соли 2017 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки 16 август вакилон ба Парлумон баргашта, то 30 сентябри  соли равон дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар  Душанбе ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он доир ба фаъолияти иҷлосияи сеюми  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гузориш дод.

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум 1 октябри соли равон оғоз мегардад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон буда,  соли 2000 таъсис дода шудааст. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз нӯҳ кумита, се комиссия  ва 63 вакил  иборат мебошад. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба муҳлати панҷ сол интихоб мегарданд.  Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон шаш ҳизби  сиёсии кишвар намоянда дорад.

 

 

Июнь 30, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид