Аз 1 июл вакилони Парлумони Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд
ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июл то 15 августи соли 2017 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки 16 август вакилон ба Парлумон баргашта, то 30 сентябри соли равон дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он доир ба фаъолияти иҷлосияи сеюми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гузориш дод.
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 1 октябри соли равон оғоз мегардад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон буда, соли 2000 таъсис дода шудааст. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз нӯҳ кумита, се комиссия ва 63 вакил иборат мебошад. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба муҳлати панҷ сол интихоб мегарданд. Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон шаш ҳизби сиёсии кишвар намоянда дорад.








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






