«Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист» -маҳфили идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист» баргузор гардид. Он бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 45-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист нигаронида шуда буд.
«Наврӯзгоҳ» ба таври идона оро ёфта, шиору навиштаҷоти «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст!», «Замин- пайванди инсон бо табиат» «Табиати зебо- мояи ифтихори одамият аст!», «Табиат модари мост!»,
«Об- муқаддасоти олами ҳастӣ», «Табиати Ватанро ҳифз бояд дошт!», «Мо- табиатдӯстони ҷавон» ва амсоли онҳо аз муҳаббату дилбастагии сокинони пойтахт нисбат ба муҳити зист дарак медод.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии мазкур маҳсули кори дастӣ, ихтироъ ва навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии пойтахт ва дигар дастовардҳои идораву муассисаҳои дахлдор вобаста ба муҳити зист ба намоиш гузошта шуда буданд. Иштирокдорони ҳамоиш ин намоишгоҳро бо шавқи зиёд тамошо карда, аз он баҳра мебурданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода маҳфили идонаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол дар ин рӯз иди касбии худро қайд мекунанд.
Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.
«Табиатро модари башарият унвон медиҳанд. Аз ин рӯ масъалаи ҳифзи муҳити зист дар мисоли муҳофизати Замин, об, ёдгориҳои таърихию табиӣ, ҳавои атмосфера, гуногунии биологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар маҷмӯъ яке аз рукнҳои асосии ҳифзи Ватан ба ҳисоб мераванд, дар замони ҳозира аз масъалаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Бинобар ин вазъи экологии ҷаҳони имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бармаҳал ҷустуҷӯ карда шавад. Инчунин ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набошад. Дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани ин мушкилот саҳми худро гузорад.
Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври дастаҷамъона ва қатъӣ баҳри ғамхории ӯ фаъолияти умумиро ба роҳ нагузорем, оқибатҳои ногувори он бар зарари масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии на танҳо як кишвару минтақа, балки кулли давлатҳои ҷаҳон хоҳад буд»,- таъкид намуд И.Хайруллозода.
И.Хайруллозода ҳамчунин иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ дар масъалаи нигоҳдории муҳити зист ва сабзазоркунӣ фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намунаи ибрат аст. Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт маъракаи 150 рӯзи ободонию ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати сокинони пойтахт» бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки роҳандозии он воқеан ҳам Душанберо ба маскани зебоӣ ва озодагӣ табдил дод. Дар маъракаи мазкур ҷавонони пойтахт фаъолона иштирок намуда, дар хуррамгардонии шаҳри Душанбе саҳми намоён гузоштанд.
Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода оид ба корҳои анҷомдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи 150 рӯзи ободонию ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати сокинони пойтахт» маълумоти муфассал дода, сокинони пойтахтро ба ҳифзи муҳити зист дават намуд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ба масъулони пойтахт, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар зоҳир намуданд, мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист» бо пешниҳоди намоиши консертӣ анҷом ёфт.
Рухсораи НУР