Имрӯз, 1 июни соли 2017, рӯзи панҷшанбе, рӯзи 152–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 213 рӯзи дигар мондааст

Июнь 1, 2017 10:51

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

01 июни соли 2012 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Пешвои миллат дар он ҷо бо мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн Лю Кесин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз боғи «15-солагии истиқлоли Тоҷикистон», ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Чунонки аён шуд, ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

***

Се сол қабл, 1 июни соли 2014 Маркази озоди иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи навбатии Клуби бозорҳои озодро дар мавзӯи «Афзоиши босуръати иқтисодӣ, бӯҳронӣ ва ояндаи низоми пулӣ» баргузор намуда буд. Мақсади асосии Клуб- мусоидат кардан ба рушди ҳамкории ҷавонони болаёқат, кумак расонидан ба ташкили ҳамкории минбаъдаи тоҷирон, арбобони ҷамъиятӣ, олимон, таҳлилгарон ва хизматчиёни давлатӣ арзёбӣ гардид.

***

Ҳафт сол пеш дар ин рӯзи соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расида буд. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуда буд.

***

1 июн ҳамасола дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.

***

1 июн дар Самоа Рӯзи истиқлолият таҷлил карда мешавад. Ин  ид соли 1962 ба ифтихори эълон намудани истиқлолияти  Самоа аз Зеландияи нав роҳандозӣ гардидааст. Рӯзи истиқлолият дар ин кишвар дар  сатҳи баланд таҷлил карда мешавад ва яке аз идҳои давлатии   Самоа мебошад.

***

1 июн дар Тунис иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия аст.

***

Дар ин рӯз дар Муғулистон рӯзи модару кӯдак таҷлил карда мешавад.

***

1 июн дар Ҷумҳурии Палау Рӯзи президент таҷлил карда мешавад.

 

 

 

Июнь 1, 2017 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш