ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад

Март 28, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор системаи муҳофизатии орагнизми инсон — иммунитет суст шуда, дигар ба муқобили бемориҳо фаъолона мубориза бурда наметавонад. Табибон сабаби асосии заиф гаштани иммунитетро ба норасоии витамину минералҳо дар ҷисми инсон бинобар сардиҳои фасли зимистон, кӯтоҳ будани рӯзҳо ва норасоии нури Офтоб рабт медиҳанд.  Барои барқарор намудани  витаминҳо дар организм инсон бояд растаниҳои фоидабахшро истеъмол намояд. Яке аз онҳо  исфаноҷ мебошад. Чунин маслиҳат медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Норасоии калий боиси заъфи мушакҳо мегардад, исфаноҷ бошад аз калий бой аст. Шумо метавонед исфаноҷи тару тозаро ба хӯриш, шӯрбо ва дигар хӯрокҳо илова кунед. Он дорои унсури муҳим — оҳан аст, ки барои ташаккули гемоглобин ва интиқоли оксиген зарур аст. Оҳан инчунин дар истеҳсоли энергия иштирок мекунад ва норасоии оҳан мутаносибан боиси хастагӣ мегардад.

Исфаноҷ инчунин барои тавлиди энергия ва ҳазми дуруст магний талаб мекунад. Норасоии магний боиси руҳафтодагӣ, бехобӣ ва аз даст додани иштиҳо мегардад.

Ба тавсияи табибон, он маҳсулоти камкалория буда, барои онҳое, ки мехоҳанд вазнашонро кам кунанд, муфид аст. Кислотаи шавеликӣ (кислотаи органикие, ки дар бисёр растаниҳо (исфаноҷ, лаблабу) мавҷуд аст), ки дар ин сабзавот мавҷуд аст, кори меъдаро барқарор карда, иштиҳоро зиёд мекунад. Нахи парҳезӣ рӯдаҳоро мустаҳкам мекунад.

Баргҳои исфаноҷ, ки дар хӯрок истифода мешаванд, дарди сарро рафъ мекунанд.Он дорои маҷмуи антиоксидантҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҷавониро нигоҳ медорад ва аз пайдоиши саратон пешгирӣ мекунад.

Олимони швейтсарӣ муайян кардаанд, ки истеъмоли мунтазами исфаноҷ вобастагии инсулинро дар беморони гирифтори диабет коҳиш медиҳад. Инчунин заноне, ки аз мастопатия азият мекашанд, бояд ҳар рӯз миқдори муайяни исфаноҷро истеъмол намоянд.

Баргҳои исфаноҷ ҳам барои зани ҳомила ва ҳам барои кӯдаки ӯ хеле муфиданд. Хӯрише, ки аз ин сабзавот тайёр карда мешавад, баданро аз токсинҳо, моддаҳои заҳролуд ва партовҳои гуногун тоза мекунад.  Исфаноҷ инчунин масуниятро афзоиш дода, эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад.

Калсий ва чанд моддаи ғизоии дигар, ки дар исфаноҷ мавҷуданд, бофтаи устухонро мустаҳкам карда, бемориҳои системаи мушакҳо ва устухонҳоро табобат мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд