Имрӯз, 17 июн, шанбе, 167-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 197 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 17, 2017 09:29

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

17 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ гардида буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писару духтарони ятим мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолу рӯзгорашон пурсон шуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуданд.

***

Инчунин дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи холисгардонии тилло дар назди ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» ифтитоҳ ёфт. Аз ҷониби Пешвои миллат ба нахустин рехтаи 3 килограммаи тиллои холис рақами 1 гузошта шуд.

***

17 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Тоҷикистону Покистон  5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки яке аз онҳо- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ буд.

***

17 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии биёбоншавӣ таҷлил карда мешавад, ки бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид аз 30 январи соли 1995 роҳандозӣ гардидааст.

***

17 июн дар Қирқизистон Рӯзи кормандони хоҷагии об таҷлил карда мешавад.

***

Инчунин 17 июн дар Индонезия Рӯзи кӯдакон ва дар Испания Рӯзи Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

***

Дар Руминия ва Арманистон 17 майро ҳамчун Рӯзи авиатсия таҷлил мекунанд.

***

Як аср муқаддам, дар ин рӯзи соли 1917 дар Фландрия (Белгия) аввалин маротиба дар Ҷанги якуми ҷаҳон португалиягиҳо ба муҳориба баромаданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1990 дар Киев Иттифоқи «Чернобил» таъсис ёфтааст.

***

50 сол пеш, 17 июни соли 1967 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин маротиба санҷиши бомбаи ҳидрогенӣ гузаронида шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1960  дар  Помир Маркази табобатии «Гармчашма»  ифтиҳ ёфтааст.

***

Соли 1801 дар Петербург Конвенсияи дӯстии Россия ва Англия ба имзо расидааст.

***

Соли 1867 ҷарроҳи англис Ҷозеф Листер аввалин маротиба дар таҷрибаи тибби англисҳо антисептикро (тамиз кардани ҷароҳат) ҷорӣ намудааст.

 

 

Июнь 17, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст