Имрӯз, 2 июни соли 2017, рӯзи ҷумъа, рӯзи 153–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 212 рӯзи дигар мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
2 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба ҶМЧ ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ҷамъ омада буданд.
***
Се сол қабл, 2 июни соли 2014, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуда буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуданд. Ректори донишгоҳи мазкур Чжу Чунши зимни суханронии ифтитоҳии худ чунин зикр кард: «Бо қарори Шӯрои илмӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд».
***
Се сол пеш, 2 июни соли 2014, Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгентиро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратиро баррасӣ намуда, барои мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ибрози андеша намуданд.
***
121 сол муқаддам, 2 июни соли 1896, Гулелмо Маркони итолиявӣ дар ИМА оид ба ихтирои радио аввалин патент ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 1946 дар Италия оид ба сохти давлатдорbи ояндаи ин мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида буд, ки дар он қариб ҳамаи шаҳрвандони кишвар иштирок намуданд.
***
2 июни соли 1963 дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» (ҳоло «Ҷаҳони паём») нашр шудааст.
***
42 сол пеш, дар ин рӯзи соли 1975, аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.
***
2 июни соли 1981 рӯзномаи «Правда» (нашрияи марказии КМ КПСС) ҳукумати Полшаро дар беамалӣ нисбат ба коммунизм душман эълон кард.
***
13 сол муқаддам, 2 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.
***
2 июни соли 2009 миёни Душанбе ва Рига (пойтахти Латвия) хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 аввалин намояндагии бонки Россия дар Тоҷикистон «Россельхозбанк» ба фаъолият шурӯъ намуда буд.
***
2 июн дар Россия Рӯзи ғизои солим ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин рӯз аз соли 2011 шуруъ шудааст.
***
Шурӯъ аз соли 2006, 2 июн дар Озарбойҷон ҳамчун Рӯзи кормандони авиатсия ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин ид ба рӯзи ташкилёбии аввалин гурӯҳи ҳавопаймоии Озарбойҷон — 2 июни соли 1938 рост меояд.