Имрӯз 25 июн, якшанбе, 176-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 189 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 25, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

25 июни соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алкувайт Раиси Шӯрои машваратии ширкати муштараки кувайтию шведсарии “MAI Resources International” Абдурраҳмон ал Авадҳиро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили гуногуни ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, мавзӯъҳои вобаста ба таъмини Кувайт ва дигар кишварҳои халиҷӣ бо оби поки нӯшокӣ баррасӣ шуда буд. Тавре зикр гардид, ин ширкат ба захираҳои фаровони оби ошомидании Тоҷикистон, аз ҷумла ба кӯли Сарез таваҷҷуҳи хос дорад. Аз ин хотир, доир ба роҳҳои ба Кувайт дастрас намудани оби тоза аз Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифта буд.

***

25 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуда буданд. Зимни гуфтугӯй аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ, муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия изҳори хушӣ карда шуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки 16-17 июли соли 2015 дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа манзили зисти 82 оилаи деҳаи Барсем хароб гашта буданд.

***

25 июни соли 2007  дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» ифтитоҳ ёфта аст.

***

25 июни соли 2008  хатти барқи «Лолазор-Хатлон» оғоз гардида буд.

 ҶАШНҲО:

25 июн дар Мозамбик Рӯзи Истиқлолият ва дар Россия рӯзи кормандони омор таҷлил мегардад.

***

25 июн дар Славения Рӯзи сохти давлатдорӣ таҷлил карда мешавад.

***

Дар ин рӯз дар Филиппин Рӯзи шинонидани дарахтро ҷашн мегиранд.

***

Инчунин 25 июн дар Беларусия ва Украина Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.

***

25 июн дар Украина Рӯзи хадамоти гумрук ва дар Қирғизистон Рӯзи ҳуқуқшиносон таҷлил карда мешавад.

РӮЙДОДҲО:

25 июни соли 1947 ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистони Шуравӣ таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 дар Олмон аввалин парвози аввалин ҳавопаймое, ки қаноташ як ҷуфт аст «Юнкерс F 13», ба амал омадааст.

***

Инчунин 25 июни соли 1935 дар Париж Анҷумани байналмилалии нависандагон дар ҳимояи фарҳанг баргузор гардидааст, ки дар он Ҷамъияти байналмилалии нависандагон ва Шуъбаи ҳамешагии байналмилалии нависандагон барои ҳимояи фарҳанг таъсис дода шудаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 1950 ҷанги Корея оғоз гардидааст, ки бар асари он миёни   Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ      минтақаи беяроқкардашуда ташкил гардидааст.

***

25 июни соли 1858 нахустшумораи аввалин рӯзномаи бритониёвию колумбиягии «Виктория газетт» нашр шуда буд.

***

19 сол пеш, 25 июни соли 1998 системаи махсуси амалиётии «Windows 98» баромад.

***

25 июни  соли 1794 дар робита ба инқилоби Франсия  Екатерина II фурӯши маҳсулоти Франсияро дар Россия манъ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1876 моҳигири америкоӣ Алфред Енсен аввалин маротиба дар таърих аз уқёнуси Атлантика танҳо шино карда гузаштааст.

***

Соли 1959 дар Москва Никита Хрушев ва сарвазири Америка Ричард Никсон аввалин маротиба дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ намоишгоҳи миллии Америкаро кушоданд.

***

Соли 1951 дар ИМА  аввалин намоиши телевизиони ранга роҳандозӣ шудааст.

 

 

Июнь 25, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст