Имрӯз 30 июн, ҷумъа, 181-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 184 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 30, 2017 09:37

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

30 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилдро ба ҳузур пазируфтанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.

***

7 сол қабл, 30 июни соли 2010 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенет Гросс ба татбиқи Лоиҳаи оид ба ислоҳоти замини Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), ки  барои тақвият ва ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, расман оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 баъди баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2016 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул карда шудааст.

***

30 июни соли 2011 дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар баргузор гардида буд, ки дар он натиҷаҳои тадқиқот дар мавзӯи «Ҳифзи иҷтимоии занон-маъюбон, занон, тарбиятдиҳандагони кӯдакони маъюб ва занон дар оилаҳои камбизоат» баррасӣ гардид.

30 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Гватемала — Рӯзи армия.

***

Дар Ҷумҳурии Демократии Конго  — Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Судон — Рӯзи инқилоб.

***

Дар Салвадор -иди кормандони бонк.

***

Дар Муғулистон — Рӯзи қабули Конститутсия.

***

Дар Беларус — Рӯзи иқтисодчиён.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи дилдодагон.

 РӮЙДОДҲО:

30 июни соли 1940 дар шаҳри Душанбе  комбинати гӯшт ба истифода дода шудааст.

***

30 июни соли 1876 Сербия ва Черногория ба муқобили Туркия ҷанг эълон карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1894   машҳуртарин пули (купруки) Лондон- «Тауэр-бридж» ба истифода дода шудааст.

***

  30 июни соли 1944 Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1955 аввалин шумораи маҷаллаи шӯравии  «Легкая атлетика» (Варзиши сабук) нашр шудааст.

***

23 сол пеш, 30 июни соли 1994 шумораи маҳбусони ИМА ба 1 миллион нафар расида буд.

***

30 июни соли 1999 дар Ню-Йорк Ҷаласаи махсуси СММ оид ба баланд бардоштани нуфузи аҳолӣ баргузор гардидааст.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1954 дар ИМА расиде (чек) ба қайд гирифта шудааст, ки маблағаш дар ҷаҳон аз ҳама бештар, яъне 4 миллиарду 176 миллиону 969 ҳазору  623 доллар ва  57 сентро ташкил додааст.

***

Соли 1996 дар Англия фиринии (таоме, ки аз биринҷ ё ягон ярмаи дигар бо шириниҳо ва меваҳо пухта мешавад) аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон истеҳсол шудааст, ки  зиёда аз 46 метри мураббаъ масоҳат доштааст.

***

Соли 1964 Моҳтоб аз масоҳати наздиктарин аксбардорӣ шудааст.

 

 

 

Июнь 30, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст