Имрӯз, 4 июни соли 2017, рӯзи якшанбе, рӯзи 155–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 210 рӯзи дигар мондааст

Июнь 4, 2017 12:20

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

4 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин омад.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Сафири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Покистон Навабзода Малик Амад Хон мулоқот кард. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз ҷумла оид ба 20-солагии барпо намудани муносибати дипломатии ду кишвар ибрози назар намуданд.

***

Чор сол қабл, 4 июни соли 2013 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тақвияти раванди ин ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ  амалӣ менамояд.

***

77 сол қабл, 4 июни соли 1940 дар шаҳри Москва варзишгоҳи «Динамо» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумори нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил»  ба экран баромада буд.

***

4 июн Рӯзи маорифи Ингушистон аст.

***

Дар Молдава 4 июн Рӯзи кормандони бонк таҷлил мегардад.

***

4 июн дар Финландия Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад.

***

 4 июн дар Қазоқистон Рӯзи рамзҳои давлатӣ аст.

***

Ҳамасола дар Америка 4 июн Рӯзи оиларо таҷлил менамоянд.

***

4 июн дар Шоҳигарии Тонга иди миллӣ- Рӯзи истиқлолият аст.

***

4 июни соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

Июнь 4, 2017 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст