Имрӯз, 6 июни соли 2017 аст, рӯзи сешанбе, рӯзи 157-уми сол аст. То охири соли равон боз 208 рӯзи дигар мондааст

Июнь 6, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

25 сол қабл, 6 июни соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барпо гардиданд.

***

6 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон, Дабири кулли Шўрои Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди  Аврупо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд. 

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши  навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо  президентҳои вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҷумҳурии Ичломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот анҷом дода буданд. Сарони давлатҳо оид ба татбиқи амалии лоиҳаҳои сершуморе, ки дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва илму фарҳанг рӯи коранд, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

***

Панҷ сол пеш, дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуданд. Медали тиллои ин ниҳоди бонуфузи варзишии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Қасри Маҷлиси Мардумии ин кишвар аз ҷониби Раиси Кумитаи олимпии Чин Лю Пен тақдим гардид.

***

8 сол қабл дар ин рӯзи соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд. Ин мукофоти олии давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, овозхони машҳуру маҳбуб Зафар Нозимов тақдим намуда, ба ӯ барои хизматҳои шоистааш дар назди халқу Ватан арзи сипос намуда буданд.

***

353 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли 1664  Амстердами Нав ба Ню Йорк тағйири ном кард.

***

Инчунин дар ин рӯзи соли 1664 ҷанги байни Англия ва Ҳолланд дар маконҳои баҳрӣ оғоз гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1716 бори аввал ғуломони африқоиро ба Иёлоти Луизиан (Америкаи шимолӣ) оварда буданд.

***

6 июни соли 1816 дар шарқи Америка барф борид, ки баъдан дар тобистон чанд маротибаи дигар ин ҳолати тағйирёбии ҳаво ба қайд гирифта шуд.

***

85 сол пеш, 6 июни соли 1932 дар Америка аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон марафони дарозтарини рақсӣ оғоз гардид, ки 4125,5 соат (то 30 ноябр) давом кард.

***

6 июни соли 1954 шабакаи байналмилалии телевизионии  «Евровидение» таъсис дода шуд, ки  дар Белгия, Британияи Кабир, Ҳолланд, Дания, Италия, Франсия ва Швейтсария пахш шуда буд.

***

36 сол қабл аз ин, дар ин рӯзи соли 1981 дар иёлоти Биҳари Ҳиндустон аввалин маротиба дар таърихи садамаҳои роҳиоҳании ҷаҳон садамаи калон рух дода буд, ки дар натиҷаи он зиёда аз 800  нафар ҳалок гардиданд.

***

Ҳамчунин 6 июни соли 1995 дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон дастаи Норвегия Нигерияро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб кард, ки ин ҳамчун ғалабаи рекордӣ эътироф шуд.

***

6 июни соли 1997 дар Хитой тухми калонҳаҷмтарини шутурмурғ дар ҷаҳонро пайдо карданд, ки 2,35 кг вазн ва 18,67 см қутр (диаметр) дошт.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 аввалин маротиба вируси «Worm.ExploreZip», пайдо шуда буд, ки ҳазорҳо компютерро дар ҷаҳон сироят кард.

***

36 сол пеш аз ин, 6 июни соли 1981 дар  Америка аввалин шахси ба бемории ВНМО (СПИД) гирифторшуда ба қайд гирифта шуд.

***

6 июни соли 1922 аввалин маҷаллаи адабӣ-тасвирии Иттиҳоди Шӯравӣ барои занон бо номи «Крестьянка» нашр шуда буд. Ҳоло ин маҷалла дар ҳамаи шаҳру гноҳияҳои Россия барои занон нашр мешавад.

***

6 июн Рӯзи забони русӣ- Иди байналмилалӣ ва россиягӣ мебошад, дар рӯзи таваллуди А.С. Пушкин аз соли 2010 дар саросари ҷаҳон ва аз соли 2011 дар Россия таҷлил карда мешавад. Барои он дар тамоми ҷаҳон ин идро ҷашн мегиранд, ки забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

***

Рӯзи миллӣ дар Шветсия  ё Рӯзи парчами Шветсия ҳамасола дар ин кишвар 6 июн таҷлил карда мешавад.

***

6 июн дар Аргентина Рӯзи муҳандисон таҷлил карда мешавад.

***

Дар Қазоқистон 6 июн ҳамчун Рӯзи полиси молиявӣ  таҷлил карда мешавад.

***

Инчунин 6 июн дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни ҷанги солҳои 1950-1953 таҷлил мегардад.

***

6 июн дар Украина иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма- Рӯзи журналистика таҷлил мегардад, ки  аз соли 1994  роҳандозӣ гардидааст.

Июнь 6, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст