Имрӯз, 8 июни соли 2017 аст, рӯзи панҷшанбе, рӯзи 159-уми сол аст. То охири соли равон боз 206 рӯзи дигар мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
8 июни соли 2011 ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия-шаҳри Вена дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ иштирок намуд. Инчунин ба ин Форуми бузурги байналмилалӣ роҳбарони як зумра давлату ҳукуматҳо ва шахсони боэътимод аз якчанд кишварҳои ҷаҳон, инчунин роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои минтақавию байналмилалӣ ташриф оварда буданд.
***
8 июни соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат асосан масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сершумору пурарзиши сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.
***
Ду сол пеш, 8 июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили Даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.
***
8 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ дар ҷаҳон беҳтарин аст.
***
8 июни соли 1784 дар Каролинаи Ҷанубӣ аввалин маротиба дар шимоли Америка ҳодисаи ҳалокати одамон дар натиҷаи боридани жола ба қайд гирифта шуд, ки баландии он 23 сантиметр буд.
***
231 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли 1786 дар Ню-Йорк аввалин маротиба яхмос ба фурӯш бароварда шудааст.
***
Инчунин 8 июни соли 1815 Полша ба Россия ҳамроҳ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1824 Ноу Кашн барои ихтирои мошинаи ҷамашӯӣ патент ба даст овардааст.
***
157 сол қабл, 8 июни соли 1869 Айвз Макгаффни америкоӣ аз ихтироъ кардани чангкашак хабар дод.
***
Дар ин рӯзи соли 1918 Гурҷистон ва Арманистон бо Олмон аҳдномаи сулҳро имзо карданд.
***
89 сол пеш, 8 июни соли 1928 аввалин ҳавопаймо аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Австралия парвоз кард.
***
Инчунин 8 июни соли 1940 унсури 93-юми ҷадвали элементҳои даврии химиявии Менделеев «Нептуний» кашф шудааст.
***
8 июни соли 1958 дастаи футболбозони Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба дар чемпионати ҷаҳон иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2006 ширкати Microsoft санҷиши тестии WindowsVista-ро роҳандозӣ кардааст.
***
8 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо таҷлил карда мешавад. Дар конфронси сатҳи баланд, ки соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардида буд, пешниҳод шуд, ки як иди нав – Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо таҷлил карда шавад. Соли 2008 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарори махсуси худро қабул намуд, ки аз соли 2009 инҷониб ин ид дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
***
Ҳамасола 8 июн дар Россия Рӯзи кормандони ҷамъиятӣ таҷлил карда мешавад
АНОНС
Имрӯз, 8 июни соли 2017 дар шаҳри Остона- пойтахти Қазоқистон ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз мегардад. Дар назар аст, ки дар ҷаласаи мазкур Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ кунад. Ҷаласаи навбатии СҲШ пагоҳ, 9 июн идома хоҳад ёфт.