Пагоҳ мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Июнь 30, 2017 11:02

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ,  1 июли соли 2017, соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт  мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба пойгаи аспдавонӣ бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мусобиқаи  мазкур   бо мақсади таҷлили сазовори санаҳои зикршуда,  рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт гузаронида мешавад.

Ғолибони мусобиқаро  мукофотҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки дар ин бора 20 июни соли равон қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба тасвиб расида буд.

 

Июнь 30, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад