Парлумон ба қонуни милитсия тағйиру иловаҳо ворид менамояд

Июнь 5, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур 5 июн дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ  шуд.      Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-ро  муҳокима карданд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз Маҷлиси  намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки масъалаҳои баррасигардида  барои баланд бардоштани  волоияти қонун,  рушди иқтидори энергетикии кишвар, ҳифзи муҳити зист ва  беҳтар  намудани вазъи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд.

Июнь 5, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид