Адиби ӯзбекзабони Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон, тарҷумони китоби Ато Ҳамдам ва Ленид Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» («Эмомалӣ Раҳмон жасорати») Омонбой Жуманов сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шуд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ин адиб чанде пеш дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба гуфти манбаъ, Омонбой Жуманов барои тарҷумаи асарҳои «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» — и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, «Духтари ҷасур», «Эътироз» ва «Қазо»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва ғайра барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шудааст.
Дар ин ҷаласа инчунин нависандаи тоҷики муқими Ӯзбекистон Шариф Халил ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамчун узви ифтихорӣ пазируфта шуд.
Нависанда ва рӯзноманигор Омонбой Жуманов зодаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, солҳо дар рӯзномаҳои «Ҳақиқат» (баъдтар «Насими айём»)-и ин ноҳия кор ва бо нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Халқ овози» ҳамкорӣ кардааст ва бо ҳаёти мардуми тоҷик хуб ошност.
Мавриди зикр аст, ки Омонбой Жуманов аз ин пеш маҷмӯаи «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро таҳти унвони «Қайсар чумчуқ» (“Гурҷишки якрав”) ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда буд, ки он дар Тошканд бо теъдоди 150 ҳазор нусха нашр гардид.
Дар суҳбат ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» Омонбой Жуманов зикр намудааст, ки дар Тоҷикистон эҳтиёҷ ба китобҳои ӯзбекӣ зиёд аст ва ташнагии садҳо ҳазор ӯзбектабороне, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, ба адабиёти бадеии классикӣ ва асарҳои адибони муосиру даврони истиқлолияти Тоҷикистон кам нест. Жуманов аз гарму наздиктар шудани робитаҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуд ва бо итминон иброз дошт, ки аз ин ҳамкориҳо пеш аз ҳама аҳли эҷод ва ҳунари ду кишвар ҳамчун нерӯи пешбарандаи фарҳангии ҷомеаҳои худ бурд хоҳанд кард.
Зимнан, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ ният дорад, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои адабии миёни ду кишвар бо Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон созишномаи нави ҳамкорӣ имзо кунад ва анъанаи дерини дӯстию ҳамкории Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро аз нав зинда гардонад.
Ҳоло Омонбой Жуманов бо тарҷумаи китоби “Роҳи абрешим”-и Ато Ҳамдам машғул аст ва ният дорад онро дар нашриёти “Жаҳон адабиёти”-и шаҳри Тошканд ба чоп расонад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо забони узбекӣ асар эҷод мекунанд. Яке аз онҳо – шоир ва публисисти маъруф Улмас Ҷамол ҳафтаи гузашта даргузашт. Дар миёни адибону публисистони муосири ӯзбекзабони Тоҷикистон метавон Эшмуҳаммад Донахонов, Ҷӯрахон Аҷибов, Нӯъмин Фахриддинов, Ҷамшед Пиримов, Қосим Мамадҷонов, Ӯрунбой Усмонов, Ӯктам Бозоров, Ӯктам Эргаш ва чанд нафари дигарро ном бурд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






