Агентии обуҳавошиносӣ: дар баъзе минтақаҳои кишвар гармии ҳаво ба 43 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 43 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он 12-17 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 39 — 41 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






