АНДЕШАҲО ДОИР БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО. (Ба 10-умин солгарди амали Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида мешавад)
Қисмати якум: заминаҳои пайдоиши масъала
ДУШАНБЕ, 08.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Кору фаъолият дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ дар тўли беш аз чаҳоряк аср паҳлўҳои барозандаи ин дастоварди муқаддастарини миллати моро ошкор кард. Аз дидгоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатӣ корбурди роҳу равишҳои гуногун ба манфиати ҷомеа, расидан ба мудирияти уфуқию амудии сазовор дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ба эҳтиёҷоти мардум мутобиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз аз баракати истиқлол маншаъ мегирад. Дамидани субҳи мубораки санаи фараҳманди 9 сентябри соли 1991, – ки Эзиди Парвардигор дурахши хуршеди лоязолии гарму нармашро бардавому барқарор ва абадулобод гардонод, – тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомиро ба бунёди кохи бегазанди давлату давлатдорӣ ва миллату фарҳангсолорӣ бо ҳазорон таҷаллову таманно, меҳру муҳаббат, шукргузорию болидарўҳӣ ва эҳсоси баланди ватандорию ватандўстӣ сафарбар намуд.
Дар айни замон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз мо тақозо менамояд, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ эҷодкорона муносибат намоем. Дар сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунанд, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар интихобу пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию маҳзабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият дода, аз тақлиди кўркўрона, бегонапарастию булҳавасӣ канораҷўӣ кунанд. Ҳифз, гиромидошт, эҳёи мерос ва дастовардҳои хуби ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ сурат гирад. Месазад иқрор намоем, ки имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми мардуми кишвар дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдати дастаҷамъӣ рўзгори хубу ҳаёти осоишта доранд ва ободию шукуфоии ватани аҷдодӣ маншаи ифтихормандии онҳост. Анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандӣ нисбат ба обу хоки муқаддас ва сарзамини аҷдодӣ дар изҳори холисонаи садоқат ба халқу Ватан, афзун намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати эътиқодии динию мазҳабӣ ғунҷоиши тоза пайдо мекунад. Имрўз аз баландиҳои кохи бегазанди Ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар масъалаи шинохти дурусти фарҳанги миллӣ, арзишҳои динию мазҳабӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои мардумӣ иқдомоти ҷиддӣ ва дигаргуниҳои муфид роҳандозӣ шудааст. Навгонию тағйирот ҳамеша ба нафъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ будааст ва дар айни замон барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳволии сокинони кишвар, боло рафтани сифати сармояи инсонӣ, тарҳи замонавӣ гирифтани инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дар маҷмўъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани обрўю нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат кардааст.
Яке аз падидаҳои хотирмон дар шароити истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Ин мавзўъ аз назари аввал содда намояд ҳам, вале аз нигоҳи исботи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии худ ниҳоят нозук аст ва муваффақияти он ба муносибати бисёр эҳтиёткорона пайванди қавӣ мегирад. Дар шароити ҷумҳурии мо бартарият, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ин Қонун дар он ифода гардид, ки ин масъала бо ҷалби доираи васеи мутахассисон, ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа ва одамони касбу корҳои гуногун аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҳамаҷониба мавриди баррасӣ, радду бадал ва мубоҳисаву натиҷагирӣ қарор дошт. Омўзиши масъала дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бисёр бозёфту пешниҳодҳои самимӣ ва андешаҳои аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии мардум созандаро ошкор кард, ки онҳо дар маҷмўъ барои таҳияи як санади мукаммали меъёрию ҳуқуқӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Аз ин мавқеъ, ин Қонунро метавон бо боварии том як қонуни «мардумӣ» ва «миллӣ» номид.
Расму ойин ва ҷашну маросимҳо яке аз шаклҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа маҳсуб мешавад. Миллати тоҷик вобаста ба шароитҳои гуногуни таърихӣ ва давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии худ аз замонҳои хеле қадим ҷашнҳои мондагор ва писандидаро эҷод карда, дар тўли асрҳо такмил додааст ва онҳо имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Одоби маърака оростан дар суннати мардумшиносии мо асосан андаруни амалкарди ду фарҳанги бузург – ориёӣ ва исломӣ ташаккулу такомул ёфтаанд. Афзун бар ин, дар зери таъсири забткорию ғазавот ва истилову кишваркушоиҳо низ унсурҳое аз одату анъанаҳои халқҳои дигар ба фарҳанги миллии мо ворид шудаанд. Вале қисмати умдаи расму ойинҳои мардуми тоҷик ба дини ислом ва мусулмон будани онҳо алоқаманд аст, ё бисёре аз маросимҳо маншаъ дар аҳкоми шариати исломӣ дорад. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки аксари ибодат, аркон, аҳком, усул ва фурўи дини ислом тўли бештар аз як ҳазору чорсад сол дар матни фарҳанги миллии тоҷикон ҷойгоҳе устувор пайдо карда, ба мисли гўшту нохун андаруни рагу пайванди анъанаҳои суннатии мо омезиши барҷаста ёфтааст. Агар ба гузаштаи на он қадар дури одобу русуми тоҷикон назар афканем, пас дарёфта метавонем, ки хусусияти буҳронӣ гирифтани онҳо маҳсули рафторҳои як марҳалаи тўлонӣ аст. Аз ин рў, барои дарёфти нуқтаҳои заъфи ин раванди муҳими иҷтимоӣ зарур аст, ки як сайри мухтасари таърихие доир ба пайдоиш, моҳият ва ҷойгоҳи анъанаву маросимҳо гуфта шавад.
Бояд эътироф намоем, ки дар Осиёи Миёна бо бозмондани ҷомеа аз пешрафту рушд, бо фурў рехтани пояҳои устувор ва солими иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ин корҳои хайр ва ҳадафу маромҳои онҳо низ сахт таҳриф ёфтанд, ё баръакс – кори хайр ба амале зиёновар мубаддал гашт. Тасвири чандин намунаи ин қабил маросимҳо дар асари «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-и устод Садриддин Айнӣ муфассал баён гардидааст. Пўшида нест, ки ҳар як маърака бо омода кардану оростани садҳо ҷои нишасту дастархонҳо, бо сар буридани садҳо шутуру гову гўсфанд, насби даҳҳо дегу потилаи чандинпуда, ҷўшонидани даҳҳо самоварҳои садлитра, чандин навъ аз таому нону кулча, сабзавоту меваҷот, бо даъвати қиматтарин созандаву хонандаву раққосаву масхарабозону дорбозон, бо гузаронидани мусобиқаҳои бузкашию пойгаву гўштин, бо ҳадяи садҳо сарупо ва ғайраҳо барпо мешуд. Аҷобат дар он буд, ки дигар волию ҳокиму қозию арбобу мансабдору бою бойбачаҳои вилояту ноҳияҳои дуру наздики Аморат ҳамчун тақлид ба пайравӣ аз амиру табақаи болои пойтахт ҳар кадом дар ҷойи худ айнан ба ҳамон дабдабаҳо маърака меорост. Ва ҳар гоҳ касе ба тозагӣ сарватманд ё мансабдор гардад ё касе хоҳад, ки соҳиби мансаби болотаре шавад, ба хотири ворид шудан ба зумраи табақаи боло маҷбур буд, ки чанд бор ин қабил маъракаҳои мутантанро барпо намояд. Масалан, устод Айнӣ дар асари зикршуда навиштааст, ки “Сайид Бурҳониддин – раиси шаҳри Бухорои ҳамон вақт барои соҳиб шудан ба мансаби қозиюлқузотӣ (қозикалонӣ) ва ба муносибати гирифтани ордени подшоҳи Рус як ҳафта тўй барпо кард ва дар шукўҳмандии он тўй аз ҳама собиқон пеш гузашт. Ў илова ба ҳамаи он нозу неъмат, таомҳои болаззат, тортуқу пешкашҳо, дабдабаву тантанаву валвалаҳои тоҷикии бухороӣ боз ба тўяш мусиқичиёну раққосаҳову меҳмонони русро низ даъват кардааст”.
Аз эҳтимол дур нест, ки дар ҳамон давраи буҳрони феодалӣ шахсони сарватманди рўшанфикру ҳалолкор ҳам ёфт мешуданд ва онҳо барои касби савоб ва ризои Худо нисбат ба бенавоёну бечорагон ва ҳолати ободонию хуррамии кишвар рафтору муносибати инсондўстона зоҳир менамуданд, аммо дар маҷмўъ накўкорию ҳадафҳои волои онҳо дар ҷоҳилистони мафкуравии он замон ситораи хираеро дар зулмати шаб мемонд. Ва бадбахтӣ дар он буд, ки ҳамин тарзи гузаронидани маросими ҷашну тўйҳо ва азову мурдадориҳо рафта-рафта ба қишрҳои дигари ҷомеа низ сироят кард. Мушкилии аз ҳама ҳузновар он аст, ки ҳамин тарзу усули гузаронидани маъракаҳои хурсандию азодорӣ ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ бо тамоми ҷузъиёти зарарнок ва харобиовараш вориди даврони рушди миллати тоҷик дар марҳилаҳои баъдӣ гардид. Мушкилоти бунёди сохти нав дар қаламрави Иттиҳоди Шўравӣ, таъқиб шудани шахсони каме сарватманд ҳамчун қулоғ (кулак кардан), бадарға шудани рўҳониён ба минтақаи Сибир, тройка шудани зиёиёну арбобони давлатӣ ва ниҳоят даҳшати ҳалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ болои халқи шўравӣ аслан мафҳуми зиндагии оромро аз тасаввури мардумӣ берун оварда буд. Ва ғаму шодӣ, шабу рўз, меҳнату роҳат, азодорию хурсандӣ ҳама берангу якнавохт намудор мешуд.
Танҳо баъди анҷоми марҳалаи барқарорсозии баъдиҷангӣ солҳои шастум аҳволи мардуми шўравӣ андаке беҳтар шуд. Дуруст аст, ки бойҳову сарватмандон набуданд, вале гуруснагону пойлучон низ дигар вуҷуд надоштанд. Дар пояи пурзўр шудани идеологияи коммунистӣ аҳком, аҳдоф, фалсафа ва арзишҳои исломӣ ҳам аз матни зиндагии мардум дур шудан гирифтанд. Одамоне, ки суннатҳои куҳани фарҳанги миллӣ, улуми исломӣ, мантиқу ҳикматҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии динию мазҳабиро ба дараҷаи кофӣ медонистанд, ниҳоят кам монда буданд. Дар замони шўравӣ мардум аксари расму оинҳоро, албатта, ба ғайр аз идҳои Рамазону Қурбон ҳамчун маросиме талаққӣ мекарданд, ки аз ниёгонашон ё ба қавли мардумӣ – аз “отаву бобояшон” ба мерос монда буд. Дар байни анбўҳи маъракаҳо фақат се кор монда буд, ки онро ҳама – хоҳ коргару деҳқон, хоҳ зиёӣ, намозхону ғайри намозхон ба таври исломӣ иҷро мекарданд: хатнаи писарон, хутбаи никоҳ, намози ҷаноза. Ҷома, ки либоси миллии тоҷикон буд, дар он давра ба дараҷаи «халат»-и хонапўшак расонида шуд. Мардҳо бошанд тоқию ҷомаи тоҷикиро дар малаи ом танҳо дар ҳамин се маврид мепўшиданд: 1) писарча дар рўзи хатна ҷомача ва тоқӣ мепўшад (ногуфта намонад, ки тоқиро баъди анҷом додани амали хатна болои ҷои хатнашуда мегузоштанд); 2) домод рўзи хондани хутбаи никоҳ ва ҳангоми даромадан ба зери чодари арўсӣ (чимилиқ) ҷома ва тоқии аз тарафи арўс тўҳфашударо мепўшид; 3) ҳангоми мусибат, хусусан рўзи намози ҷаноза ва ба хок супурдан фарзандон ва хешони наздики маййит ба аломати азодорӣ ҷомаву тоқӣ мепўшиданд ва аз болои ҷома миёни худро бо рўймоли яккабанд мебастанд. Муддати ҳафтоду чанд соли мавҷудияти Ҳокимияти Шўравӣ дар Тоҷикистон чунон вазъияте ҳукмрон гардид, ки ҳазорон ҳазор марду зан намозе ба ҷо наоварда, рўзае надошта, ояте аз Қуръон нахонда, боре калимаи шаҳодат ба забон наронда, луқмаи ноне борои савоби охират садақа накарда умри азизи худро сипарӣ намуданд. Вале дар миёни ин анҷумани мардум дар тўли марҳалаи ёдшуда мардеро ёфтан сахт душвор аст, ки бе никоҳи мусулмонӣ зан гирифта, ё зане бе никоҳ ба шавҳар баромада бошад, писаре бе хатна монда ва мурдае бе намози ҷаноза ба хок супурда шуда бошад. Афзун бар ин, баъзан ноҷавонмардона ошкоро баргузор шудани хатнаи писарони шахсони мансабдор боиси зери тозиёнаи танқид мондани онҳо мегардид ва «гуноҳи бузурги нобахшидание» барои рушди ҳирфаӣ ва болоравии вазифавиашон мешуд. Бояд эътироф кард, ки дар аксари ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз ҷониби занон маросимҳои «Бибӣ-Сешанбегӣ» ва «Бибӣ-Мушкилкушо» барпо карда мешуд. Ҳарчанд ин маросимҳо аз нигоҳи маънию мантиқ ва баргузорӣ исломӣ набуданд ва дар реҷаи баргузорӣ оёте аз Қуръон ва маноқиби авлиёро фаро мегирифтанд, вале онҳо хусусияти умумиисломӣ надоштанд. Халқҳои дигари мусулмон – арабҳо ва эрониён чунин маросим надоранд. Бояд донист, ки баргузории ин маросим то андозае таъйиноти ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва диниро дар муҳити тарбияи модарона иҷро мекард. Зеро онҳо ҳангоми суханронӣ бисёр достону афсона ва қиссаву ривоятҳои ахлоқиро нақл мекарданд ва дар он шароити душвори иҷтимоӣ комилан гусехтани пайванди гузаштаро бо имрўза пешгирӣ мекарданд. Ногуфта намонад, ки дар рўзи чоршанбе ба мазорҳо рафта нўгча афрўхтан бозмондаи кеши зардуштии гузаштаи мост.
Дар муқаррароти ин ойин чоршанбе рўзи истироҳатӣ буд, аз ин рў, мардум барои адои фармудаҳои эътиқодӣ дар оташкадаву зиёратгоҳҳо аз тариқи оташафрўзӣ ёди арвоҳи мурдагонро гиромӣ медоштанд. Ба ибораи дигар, ин гуна маросим ҳамчун ниҳодҳои фарҳангии ҷомеапазирӣ ва тарбиявии занон вазифаҳои муайянеро иҷро мекарданд.
Баробари беҳтар шудани некўаҳволии мардум ба он се мавриди ёдшудаи марбут ба аҳкоми исломӣ маросимҳои нави гаронқимат зам шудан гирифтанд. Дар оини сўгворию мурдадорӣ нахуст худи «гўру чўб кардани маййит, худоиҳои бегоҳи сею ҳафт, бисту чил, шашмоҳагӣ, солшиканон ва сари соли буд» бағоят серхароҷот гардиданд. Оҳиста-оҳиста то пур шудани чиҳил рўз аз даргузашти маййит ҳар бегоҳии душанбе ва ҷумъа, пас аз он ҳар бегоҳии ҷумъа то «сари соли буд» таом додан ба хешону ҳамсояҳо ба ҳукми қонуни нонавишта даромад.
Ҷашни арўсӣ ба тўи серхароҷот ва басо пурмашаққати «Сурх», ё ба истилоҳ «тўи комсомолӣ» мубаддал гашт. Дар баргузории он оростани зиёфати махсус дар тарабхонаву ошхонаҳо бо ширкати ҳофизону раққосаҳо ҳамчун сарбории ҳатмӣ дохил шуд. Хатнаи писарон аслан ба тўе зарурат надошт, вале он бо унвони «рўзи таваллуди писарча» ба ҳукми анъана даромад ва дар барномаи он иловатан унсурҳои «оши маслиҳат (маслиҳатошӣ)», «хатми Қуръон», «оши халқ», «оши занон» ва «шабнишиниҳои саримизӣ» бо ширкати овозхонон замима гардид. Тахмин кардан мумкин аст, ки ба ҳукми анъана даромадани оинҳои нав дар зимни маросимҳои шодию сурур ва мусибату азодорӣ бе дастуру иҷозати Комитети Марказии Ҳизби Коммунист ва идораҳои дахлдори ҳукуматӣ сурат намегирифтанд. Шояд ҷорӣ гардидиани «тўи комсомолӣ» ба хотири он будааст, то ки тадриҷан ҷойгузини маросими тўю сури никоҳи мусулмонӣ шавад; «шабнишинии рўзи таваллуди писарча» ба ҷойи тўи хатна маъмул гардад; ва ба вусъат додану калонхарҷ кардани худоиҳои мурдадорӣ шояд ба хотири монанд будани онҳо ба ёдбудҳои «Поминки», «9 дней», «сорокодневка» ва дигар маросимҳои православянии масеҳӣ рухсати ом содир шуда бошад. Дарёфти воқеияти ин муаммоҳо ба омўзиши маводи бойгонӣ рабт мегирад, ки вазифаи муаррихони мардумшинос аст. Бадбахтона, вобаста бар ин ё он муносибат, ки то он вақт аслан як кори маъмулӣ ҳисоб меёфт, маросимҳои нави калонхарҷ пайдо мешуданд: маросими алоҳидае ҳамроҳ бо куштани гову мондани дегу даъвати ҳамагон ба муносибати даъват шудан ва рафтани фарзанд ба хидмати Артиши Шўравӣ ва айнан монанди ҳамин маросиме ба муносибати ҷавоб додан ва омадани фарзанд аз хидмати аскарӣ барпо мешуд; барои хатми мактаби миёна шабнишиние ҳамроҳ бо сарулибос ва зиёфатҳои махсус ба анъана даромад, ки ҳар сол беш аз пеш печидатару серхароҷоттар мегардид.
Бояд иқрор шуд, ки дар замони шўравӣ гоҳ-гоҳ чорабиниҳое дар бобати ба танзим даровардани расму оини мардум гузаронида мешуданд, вале аксари ин чорабиниҳо ошкоро ҷанбаи идеологӣ доштанд ва расму оинҳо бештар аз лиҳози мувофиқат кардан ё накардани онҳо ба муқаррароти идеологияи коммунистии ҳоким баҳо дода мешуданд. Доираҳои расмӣ ба муқобили баъзе аз ин расму оинҳо зери унвони «урфу одатҳои динӣ-хурофотӣ» муборизаи беамон мебурданд, дар танқиду ошкор кардани онҳо мақолаву китобҳои илмӣ таълиф намуда, ба чоп мерасониданд. Дар атрофи масъалаҳои мазкур аз тарафи ҷамъияти «Дониш» лекторҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафта, баромадҳо мекарданд, филмҳои ҳуҷҷатию бадеӣ ба навор мегирифтанд.
Раванди ҳамроҳшавии «ихтиёрии» Осиёи Миёна ба Россияи подшоҳӣ ва минбаъд барпо шудани ҳокимияти шўравӣ муносибати парҳезкорона нисбат ба фарҳанги миллӣ ва душмании оштинопазиреро нисбат ба дини ислом ошкор намуд. Дастгоҳи тарғиботӣ бештар кўшиш мекард ҳар расму оинеро, ки бо дини ислом иртиботе дошта бошад, аз байн барад ва ба ҷойи он расму оини ба истилоҳ «замонавӣ» ва марбут ба ҳаёт ва воқеияти нави Шўравиро ҷорӣ намояд. Дар зимни ҳамин равия дар солҳои 70-ум аввал ба мақомоти ҳизбии ҷумҳурӣ, баъд ба мақомоти марказии ҳизб дар Москва фаҳмондан муяссар шуд, ки иди Наврўз на танҳо ҷашни исломӣ нест, балки умуман ҳеҷ пайванде бо арзишҳои динӣ ва бовару эътиқодҳо надорад. Ва аз ҳамон вақт иҷозат дода шуд, ки дар рўзи фарорасии ҷашни Наврўз як гурўҳ адибону зиёиён дар пеши ҳайкали устод Рўдакӣ бидуни баргузории тантанаҳои зиёд шеърхонӣ кунанд. Аз як тараф, ба мақомоти олии КПСС маъқул буд, ки Наврўз ҳамчун ҷашни ғайриисломӣ ҷойгузини ҷашнҳои исломӣ гардад, вале аз тарафи дигар, онҳо нигаронӣ аз он доштанд, ки Наврўзро дар Эрон ва Афғонистон бо таҷлилу шукўҳи беандоза ҷашн мегиранд. Ба таври васеъ ҷашн гирифтани Наврўз дар ҷомеаи Тоҷикистони онвақта проблемаҳои идеологии навро ба вуҷуд оварда метавонист. Ҳамон солҳо бо ризоияти хомўшонаи мақомоти ҳизбӣ ва саъю ҷадали гурўҳе аз зиёиён кўшишҳои эҳёи арзишҳои тоисломии динию фарҳангӣ ҳам қувват гирифтанд, ки дар давраи бозсозию ошкорбаёнӣ ва расидан ба истиқлолияти давлатӣ густариши бесобиқа касб намуданд. Маҷмўи тадбирҳои ёдшуда хусусияти мавсимӣ ва якдафъагӣ доштанд, роҳи ҳалли мушкилот ва баромадан аз бунбасти печидаи ҷашну маросимҳоро пешниҳод намекарданд, балки танҳо назорати фишанги идеологиро болои ҷашну маросимҳо таъмин мекарданд. Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки пеш аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ исрофкориҳо то ҳадде зиёд гардида буд, ки мардум нону қандро ба охури молҳо мерехтанд. Дар пеши по гўсфанд хун кардан, арўсбинон, домодталбону қудоталбон бо тақдими тўҳфаҳо барои меҳмонон ва чандин маросими ғайрисуннатии тоҷикон низ маҳсули мафкураи сахт таҳрифёфтаи насли замони ба қавли маъруф «серию пурӣ»-и даврони шўравӣ буд. Кор ба ҳадде расида буд, ки маросимҳои азодорӣ ҳам қариб аз тўю хурсандӣ фарқ намекарданд. Мусибату азодорӣ аз муҳтавои аслии худ фарсахҳо дур гардида, мардум марҳила ба марҳила ба ин маросимҳо навоварию кашфиётҳои тозаро ворид мекарданд. Дар тўли як соли пас аз фавти маййит тақрибан 60-70 маъракаи хурду бузург бо исрофкориҳои зиёд барпо мегардиданд ва таноқузу тафриқа (парадокс) дар он буд, ки аксарияти мардум ҳамаи маъракаҳои марбут ба азодориро ҳамчун зари холиси фармудаҳои шариати исломӣ пазируфта, онҳоро бе каму кост ва пайдарҳамии тақвимӣ барпо менамуданд.
Ҳамаи ин маросимҳо масрафи зиёди маблағро тақозо мекард, мардумро ғўтавари қарз мегардонид ва ба сатҳи зиндагӣ ва некўаҳволии оилаҳо таъсири манфию манфур мерасонид. Аҷобати дигар он аст, ки баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ иду маъракаҳои сершумору пурдабдабаи шаклгирифта ба хазинаи бе ин ҳам пурбори меъёр ва арзишҳои иҷтимоӣ бе тағйирот ҷойгузин шуданд ва дар солҳои нахустини даврони истиқлолият сокинони ҷумҳурӣ риояи онҳоро ҳамчун шеваи посдорӣ аз суннатҳои асили миллӣ ва динӣ ҳатмӣ мешумориданд. Нооромиҳои сиёсӣ дар оғози истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон умри маросимҳои серхарҷу нолозимро тамдид кард. То хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ ин маросимҳо дар шаклу муҳтавои аз пештара бўҳронию серхароҷот идома ёфтан гирифтанд ва ба як навъ озмуни соҳибмансабон, тоҷирон ва қумандонҳо мубаддал шуданд. Кор то ба ҷое расида буд, ки мардум аз бонкҳо қарз гирифта маросимҳои худро ҳамон тавре, ки дар замони шўравӣ ба расмият даромада буд, баргузор мекарданд. Ҳеҷ кас дар барпо намудани маърака худро аз каси дигаре пасттару камтар намегирифт. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳамаи фарзандони хонадон аз як гиребон сар бароварда, якҷоя маъракаҳои пурхарҷи азодориро ташкил, танзим ва барпо менамуданд.