Истеҳсолоти гӯшти моҳӣ аз 214 тона ба 273 тона расонида шуд. Ба Рӯзи моҳипарварон бахшида мешавад

Июль 9, 2017 08:10

ДУШАНБЕ, 09.07.2017 /АМИТ «Ховар»/ Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июл дар Тоҷикистон Рӯзи  моҳипарварон  таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки моҳипарварӣ дар навбати худ яке аз соҳаҳои сердаромад ва манфиатовари кишвар ба ҳисоб меравад. Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа бештар мешавад. «Барномаи  рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015», ки бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокӣ, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия  гардида буд, барои пешрафти соҳа нақши муҳим бозид. Барқарорсозии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, парвариши зотҳои нав, эҳёи намудҳои қаблан  нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои амрикоӣ, лақамоҳии  каналӣ) ташкили хоҷагиҳои  парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои  парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ  ҳадафҳои асосии ин барнома маҳсуб меёбанд.

Ба гуфтаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, дар тобеияти корхона зиёда аз 277 адад хоҷагиҳои хурду калони моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд ва  қабули Барномаи рушди моҳипарварӣ боис шуд, ки теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 7 адад дар соли 2008  ба 277 адад хоҷагӣ, замини обии ҳавзҳо аз 1200 гектар ба 2900 гектар ва истеҳсолоти гӯшти моҳӣ аз 214 тона ба 273 тона дар соли сипаригардида расонида шавад.

рузи мохипарваронАгарчӣ ин теъдод нисбат ба солҳои қаблӣ бештар бошад ҳам, вале бояд зикр намуд, ки ин миқдор барои таъмини аҳолии кишвар бо гӯшти моҳӣ кифоя нест. Зеро бинобар гуфтаи мутахассисон, талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба моҳӣ 14 -16 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ба ҳар сари аҳолӣ 300 грамм рост меояд. Имрӯз нархи моҳӣ дар бозорҳои пойтахт нисбатан гарон аст. Ин дар ҳолест, ки захираи обҳои поку мусаффои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои рушди соҳа ҳавзҳои зиёди парвариши моҳӣ бунёд карда шуда, хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои зиёд намудани моҳӣ талош намоянд.

Аҳмадҷон Ғафуров ба ҳадди кофӣ инкишоф наёфтани соҳаро     имрӯз ба якчанд омилҳо вобаста медонад, ки сабаби гаронӣ ва пурра таъмин нагардидани талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон бо гӯшти моҳӣ мегарад. «Яке аз омилҳои аввалиндараҷа базаи хўрока ба шумор меравад. Зеро хӯроки моҳӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Дувум ин набудани маблағҳои озод, чунки хоҷагиҳо ва соҳибкорон ба сохтмони ҳавзҳо рў овардаанд, аммо набудани қарзҳои имтиёзнок кори онҳоро мушкил месозад. Камбуди мутахассиони соҳибтаҷриба низ аз мушкилиҳои соҳа ба шумор меравад.

Баъди қабули Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 тасдиқ гардид, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ дар назди факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кафедраи моҳишиносӣ кушода шуд».

мохиБа гуфтаи А. Ғафуров, набудани техникаву технологияҳои навин ва гаронии нархи об низ метавонад омили гаронии моҳӣ гардад. «Агар ба воридоти техникаву технология, тухм ва хӯрокаи моҳӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, сабукиҳои андозҳои гумрукӣ пешбинӣ гардад, ба нафъи соҳа мешавад. Инчунин нархи муайянгардидаи об низ барои моҳипарварон гаронӣ мекунад», -афзуд ҳамсуҳбат.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 10 намудаш, аз ҷумла гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лақамоҳӣ, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг дар хоҷагиҳо парвариш меёбанд ва сол ба сол зиёд шудани аҳолии мамлакат тақозо мекунад, ки моҳӣ аз ин ҳам бештар истеҳсол карда шавад. Илова бар ин, рушди минбаъдаи соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва маҳсулоти аз моҳӣ омодашуда барои саломатии аҳолӣ  нақши чиддӣ хоҳанд дошт. Дар сурати аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода кардан ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди минбаъдаи соҳа аз ҷониби муассисаву корхонаҳои масъул метавон Тоҷикистонро аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи моҳии хушсифат табдил дод.

 

Шаҳлои САДРИДДИН

Июль 9, 2017 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад