Ба 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии «лейтенант» супорида шуд

Июль 6, 2017 15:34

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе маросими супурдани дипломҳо ба 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти КДАМ ҶТ, фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони гурӯҳи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, устодону омӯзгорони Донишкадаи Олии сарҳадӣ ва падару модарони афсарони ҷавон иштирок карданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ М.Улуғхоҷаев иттилоъ дод.

«Ба 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи Олии сарҳадӣ дар баробари диплом аввалин рутбаи ҳарбии афсарӣ – лейтенант дода шуд», — гуфт М. Улуғхоҷаев.

Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи Олии сарҳадии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2001 бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 25 майи соли 2004  аввалин хатмкунандагони омӯзишгоҳ – 28 нафар сарҳадчиёни ҷавон барои муҳофизати марзу буми Тоҷикистон аз ин Донишкада роҳхат гирифтанд.

«Хатмкунандагони Донишкада соҳиби маълумоти соҳавӣ ва ҳуқуқшиносӣ мегарданд. Муҳлати таълим дар Донишкада чор сол буда,  ба хатмкунандагон рутбаи ҳарбии «лейтенант» ва дипломи маълумоти олӣ дода мешавад», — гуфт сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таъкид намуд: «Хатмкунандагони Донишкада баҳри дифои сарҳади давлатӣ ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон фиристонида мешаванд».

Ҳоло дар Донишкадаи Олии сарҳадии Тоҷикистон кафедраҳои тактикаи умумӣ, тактикаи сарҳадӣ фаъолият карда, ба сарҳадбонони оянда фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва нозукиҳои ҳарби тан ба тан ва инчунин тарбия ва машқи бадан омузонида мешавад.

Дар Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, омода ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Донишкадаи Олии сарҳадӣ бо тамоми шароитҳои моддӣ ва таълимӣ таъмин буда, аз ҷумла хобгоҳ, ошхона, толори варзишии замонавӣ, хонаи фароғатӣ ба таври замонавӣ муҷаҳаз шудаанд. Синфхонаҳои таълимии донишомӯзон – афсарони ояндаи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо компютерҳо таъмин буда, барои аз худ намудани дарсҳои амалӣ ва назариявӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.

«Курсантони Донишкадаи Олии сарҳадӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат омодаанд, баҳри ҳифз ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон сина сипар намуда, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатии кишвари хешро пос доранд», — зикр кард М.Улуғхоҷаев.

Акрам САНГЗОДА

Июль 6, 2017 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад