Даҳ ҳазор нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ иншооти обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ ба истифода дода мешавад, ки он сокинони деҳоти Чоряккорон, Гиждалобод ва Чавлибоиро бо оби поки ошомиданӣ таъмин менамояд.
Тавре аз Созмони «Оксфам» дар Душанбе хабар доданд, дар доираи лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдошт дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад, «Оксфам» дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон иншооти обтаъминкунандаро бунёд кард, ки дастрасии даҳ ҳазор нафар сокинони ин ҷоро ба оби поки ошомиданӣ таъмин мекунад. Аз ин иншоот сокинони деҳоти Чоряккорон (4740 нафар), Гиждалобод (3164 нафар) ва Чавлибоӣ (2100 нафар) истифода хоҳанд кард.
Ба зикри манбаъ, дар маросими ба истифода додани иншооти обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ намояндагони созмони «Оксфам», роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ ва сокинони ин деҳаҳо иштирок мекунанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






