Дар Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, иҷлосия 24 июл соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳокима шаванд.
Дар робита ба ин тибқи Қарори Раиси шаҳр вакилони Маҷлиси шаҳрӣ вазифадоранд, ки то 21 июл дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.








Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт






