Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки 6 ноябри соли 1994 мардуми тамаддунсози мо таҳти сарварӣ ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург, новобаста аз вазъи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд.
Сию ду соли амали Конститутсия собит намуд, ки халқи бофарҳанг ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.
Дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза дар баробари хатарҳои экстремизму терроризм коррупсия низ ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гароне ба бор овардааст.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози муқовимати расмӣ бо ин зуҳуроти хатарнок барои боз ҳам тақвият додани сиёсати зиддикоррупсионӣ пайваста корҳои муассир доир гардиданд. Ҳоло дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул ва тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам оварда шудаанд.
Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда барои амалигардонии муқовимати маҷмуӣ бар зидди ин зуҳуроти зараровар дорои тамоми ваколату салоҳияти бо қонун пешбинишудаи зарурӣ мебошанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






