Дар Тоҷикистон филиали Донишгоҳи Кемёнги Корея таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳо дар соҳаи маориф ва илм муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев бо ректори Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Сун Илҳӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот Раҳматулло Мирбобоев аз ҳамкории густурда бо Ҷумҳурии Корея, хусусан бо Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея ёдовар шуда, иброз дошт, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея ҳамкории судманд доранд.
Дар идомаи суҳбат масъалаи зиёд намудани бурсия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея ва густариши омўзиши забони кореягӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин Сун Илҳӣ пешниҳод намуд, ки филиали Донишгоҳи Кемёнг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Дар робита ба ин муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки қабл аз ифтитоҳи филиал факултаи муштарак байни Донишгоҳи Кемёнг ва яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея соли 1899 таъсис ёфта, дар он аз рўи 99 ихтисос донишҷўён таҳсил менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






