Имрӯз 2 июл, якшанбе, 183-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 182 рӯзи дигар боқӣ монда аст

Июль 2, 2017 08:16

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

2  июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот асосан масоили вобаста ба вазъи Қирғизистон ва омодагӣ ба ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки моҳи ҳамон сол дар шаҳри Ереван баргузор мегардид, баррасӣ шуда буд.

***

2 июли соли 2012 дар шаҳри Киеви Украина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоқот намуданд.Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, ифтитоҳи сафорати Украина дар Душанбе, фаъолияти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Украина табодули назар намуданд.

***

 2 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Озорбойҷон Камолиддин Фаттоҳ Гайдаровро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот оид ба омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарии пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва тақвият бахшидани кори хадамотҳои наҷотбахшӣ, расонидани кумакҳои моддию техникӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа табодули афкор сурат гирифта буд.

***

2 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2015 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS, ш.Брюссел), ки муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии ин Марказ сарфароз гардида буданд. Маркази мазкур унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст.

***

2 июли соли 2009 барои саҳми барҷаста дар тарбияи насли солим ва рушди самбо дар минтақа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллои Федератсияи байналмилалии самбо сарфароз гардонида шуданд.

2  ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзиш.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони давлатии соҳаи андоз.

***

Дар Норвегия – Рӯзи шоҳ.

***

Дар Кюрасао  — Рӯзи Парчам.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони политсия.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи хизматчиёни дипломатӣ.

***

Дар Ӯзбекистон – Рӯзи қабули Нишони давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 июли соли 1900 дар Париж бозиҳои II-и олимпӣ оғоз гардидаанд.

***

100 сол муқаддам, 2 июли соли 1917 Юнон ҷанги Олмон ва Австрияро эълон кардааст.

***

Инчунин дар ин рӯзи соли 1924 Ассотсиатсияи байналмилалии рӯзноманигорони варзишӣ таъсис дода шудааст.

***

7 сол пеш, 2 июли соли 2000 дар  финали Чемпионати Аврупо тими мунтахаби  Франсия дар дақиқаҳои иловагӣ тими Италияро бо ҳисоби 2:1мағлуб кард ва маротибаи дуюм чемпиони қитъа шуд.

***

2 июли соли 1950  дар Канада намуди динозаври шинокунанда пайдо шудааст.

***

Имрӯзи соли 1990 Анҷумани XXVIII Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардидааст, ки  охирин анҷуман дар таърихи фаъолияти ин ҳизб мебошад.

***

2 июли соли 1915 донишҷӯи олмонӣ дар қабулгоҳи сенати Америка бомба инфиҷор додааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1901 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ҳарорати баланди ҳаво ба қайд гирифта шудааст, ки он 43,3 дараҷаро ташкил медод.

 

 

Июль 2, 2017 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш