Имрӯз 9 июл, якшанбе, 190-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 175 рӯзи дигар боқӣ мондааст
ТАҚВИМИ «ХОВАР»
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
9 июли соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат багузор гардида, Сарвари давлат ба навхонадорон ва кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
***
9 июли соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Истаравшан мулоқоти тўлонӣ анҷом дода, зимни он миёни онҳо суҳбати ошкору самимӣ низ сурат гирифтааст. Ба рушду нумўи соҳибкории хусусӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа мароқ зоҳир гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда дар назди масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда буд.
***
5 сол қабл, 9 июли соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани муҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфта буданд. Дипломати амрикоӣ аз меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди мардуми Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намудааст, ки ӯ минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Америка бо Тоҷикистон талош мекунад.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Пешвои миллат зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоту монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани бӯҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад.
9 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи моҳипарварон (якшанбеи дуюми моҳи июл)
***
Дар саросари ҷаҳон – Рӯзи байналмилалии теннис.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизматии дипломатӣ.
***
Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.
***
Дар Судони Ҷанубӣ – Рӯзи Истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
9 июли соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шудааст.
***
9 июли соли 1788 Коннектикут Иёлати панҷуми ИМА шуд.
***
9 июли соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намудааст.
***
65 сол муқаддам, 9 июли соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Олмон (ГДР) дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кардааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин элементи химиявӣ кашф карда шудааст. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел «Нобелий» номгузорӣ намуданд.
***
56 сол муқаддам, 9 июли соли 1961 Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кардааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1988 варзишгари олмонӣ Габриэла Ранш барои партофтани гурз ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст.
***
Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ҳарифашро газид ва аз бозӣ ронда шуд.