«Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад…»- ҷамъомад бахшида ба Рӯзи маъюбон
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонии махсус (маъюбон)-и Китобхона таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад…» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин Назарзода ҳамаи аъзои шуъбаро бо рӯзи идашон табрик намуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин меҳмонон аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радио, ҳунармандону сарояндагон ширкат варзида, хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Мавриди зикр аст, ки шуъбаи хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд 5 сол аст, ки фаъолият мекунад ва зиёда аз 600 нафар аъзои доимӣ дорад.
Ёдрас мешавем, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон ҳамасола 8 июл дар қаламрави кишвар Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






