Мавлуда Қаландарзода: “Боло рафтани масъулияту ӯҳдадории сокинон омили аслии зиёд шудани парвандаҳои иқтисодӣ мебошад”
ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон то ба имрӯз аз ҷониби суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 1430 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 167 адад зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба омилҳои афзоиш ёфтани шумораи парвандаҳои иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода чунин посух дод: «Дар бештари ҳолат ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз шикоят ва маълумотдиҳии сокинон ошкор карда мешаванд ва яке аз омилҳои аслии бақайдгирии ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ дар самти иқтисодӣ маҳз боло рафтани масъулияту уҳдадории шаҳрвандон мебошад».
Ба андешаи Раиси Суди Олии иқтисодӣ, зиёд шудани субъектҳои хоҷагидорӣ омили дигари афзоиши ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ ҳисобида мешавад. «На ҳамаи субеъктҳои хоҷагидорӣ дар ҳама ҳолат фаъолияти худро тибқи қонун ва талаботҳои муайянгардида ба роҳ мемонанд. Дар сурати роҳ додан ба қонуншиканӣ, албатта, ин афрод ба муҷозот кашида мешаванд».
Мавлуда Қаландарзода ҳамзамон иттилоъ дод, ки аз шумораи парвандаҳои иқтисодии баррасигардида 1087 адади онҳо ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, зимни баррасӣ нисбат ба 860 парванда ҳалнома содир шудааст.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






