Мавлуда Қаландарзода: “Боло рафтани масъулияту ӯҳдадории сокинон омили аслии зиёд шудани парвандаҳои иқтисодӣ мебошад”

Июль 19, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз оғози соли равон то ба имрӯз аз ҷониби суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 1430 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 167 адад зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба омилҳои афзоиш ёфтани шумораи парвандаҳои иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода чунин посух дод: «Дар бештари ҳолат ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз шикоят ва маълумотдиҳии сокинон ошкор карда мешаванд ва яке аз омилҳои аслии бақайдгирии ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ дар самти иқтисодӣ маҳз  боло рафтани масъулияту уҳдадории  шаҳрвандон   мебошад».

Ба андешаи Раиси Суди Олии иқтисодӣ, зиёд шудани субъектҳои хоҷагидорӣ омили дигари афзоиши ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ ҳисобида мешавад. «На ҳамаи субеъктҳои хоҷагидорӣ дар ҳама ҳолат фаъолияти худро тибқи қонун ва талаботҳои муайянгардида ба роҳ мемонанд. Дар сурати роҳ додан ба қонуншиканӣ, албатта, ин афрод ба муҷозот кашида мешаванд».

Мавлуда Қаландарзода  ҳамзамон иттилоъ дод, ки аз шумораи парвандаҳои иқтисодии баррасигардида 1087 адади онҳо ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, зимни баррасӣ нисбат ба  860 парванда  ҳалнома содир шудааст.

 

Июль 19, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд