Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «CASA-1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад»

Июль 6, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тарҳи CASA-1000 дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин моро бо пули мустаҳками энергетикӣ пайваст хоҳад кард ва ҳамкориҳоро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои мо вусъат хоҳад бахшид. Ин суханонро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000 иброз намуданд.

Бино ба андешаи Сарвари давлат, тарҳи CASA-1000 ҳамчунин унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад ва тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқро дар арсаи ду минтақа ба ҳам хоҳад овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки Тоҷикистон имкон дорад, ки тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.
Дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду неругоҳи барқи обии миёна ва силсилаи неругоҳҳои хурд бо иқтидори зиёда аз 1200 мегаватт шаҳодати гуфтаҳои болост.

«Мо ба нақша гирифтаем, ки дар охири соли 2018 агрегати аввали неругоҳи бузурги «Роғун»-ро ба истифода диҳем.
Ҳамзамон ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли неруи барқ чандин лоиҳаҳо мавриди иҷро қарор доранд ё ба анҷом расонида шудаанд»,-илова намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба маълумоти Президенти кишвар, ҳаҷми умумии сармояи барои ин мақсадҳо ҷалбгардида беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ҳамаи ин имкониятҳои моро дар ҷодаи тавлиди «энергияи сабз» бамаротиб зиёд менамояд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, аз рӯйи фоизи истеҳсоли он кишвари мо, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой гирифтааст.

 

Июль 6, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд