Профессор Аскаралӣ Раҷабов: «Шаҳрвандони хориҷӣ бояд на танҳо аз меҳмоннавозӣ, балки аз тарзи либоспӯшии тоҷикон низ ба ваҷд оянд»

Июль 31, 2017 17:13

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Либосҳое, ки  бархе аз бонувони мо имрӯзҳо тақлидкорона аз рӯи ҳавою ҳавас ба бар менамоянд, хоси мардумони бодиянишинанд, ки вобаста ба иқлими гарми ҳамон кишварҳо омода гардидаанд ва чунин тарзи либоспӯшӣ дар  фарҳанги мо, тоҷикон  ҷой надорад»,- мегӯяд Аскаралӣ Раҷабов, профессор, доктори  илмҳои таърих.  Донишманди тоҷик бар он назар аст, ки он тарзи либоспӯшие, ки  ба ҷомеаи мо аз берун ворид гардидааст ва имрӯз бархе аз бонувони тоҷик ба он ҳамчун атрибути миллӣ эътимод гузошта, қабул кардаанд, оқибати хуб надорад ва ба ташаккули фарҳанги миллии мо латма мезанад.

Ҷойгоҳи либос дар ташаккули фарҳанги миллӣ

Бо ишора ба ҷойгоҳи либос дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа,  донишманди шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов зикр намуд, ки либос як навъи ҳунар маҳсуб ёфта, одамонро  на танҳо дар зиндагияшон,  балки назди мардумони дигар ҳам  муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ,  либос дар  таърихи мероси фарҳангии тоҷикон ба сифати арзишҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ эътироф шуда, тоҷикон  дар масири таърих  миёни халқу миллатҳои дунё  бо вижагиҳои хоси сару либос, бахусус бо фарҳанги либосороӣ  мақоми  шоиста касб намуда буданд.  Вобаста ба фарҳанги либосороӣ, истифодаи матоъ,  санъати дӯхти либос ва истифодаи он  асару  рисолаҳои ҷудогона навишта шудаанд. Хусусан дар интихоб ва омода намудани пироҳанҳо  ҳамчун арзиши миллӣ ва фарҳангӣ  ниёкони мо дар гузашта назари  амиқ доштанд. Дар осори таърихии мардумамон  колоҳое, ки барои омода намудани либос ва дигар ашёи ороишоти занон истифода мегардиданд, хеле босифату хушнамо  ва ба табиат ва иқлими диёрамон мувофиқ буда, берун аз марзҳои сарзаминамон ҳам харидорони зиёд доштанд. Хусусан  дар  аҳди   Сомониён, ки   давраи тиллоии рушди фарҳангу арзишҳои миллии тоҷикон буд, чандин намуди колоҳо истифода мешуданд, ки аз онҳо пироҳанҳои хушсифату ороста ва хушнамо таҳия мегардиданд, назири зандона ё кимхо, инчунин анвои гуногуни шоҳӣ ва адрас  истеҳсол мегардиданд, ки  дар кишварҳои Аврупо муштариён  ва харидорони зиёд доштанд.

Имрӯз ба кишвари мо  бештар матоъҳо  ва пироҳанҳо барои бонувон аз хориҷи кишвар оварда мешаванд. Ин гувоҳи он аст, ки мо фарҳанги либосороии худро  то анозае гум кардаем, ки ин таҳдиди бузургест ба фарҳанги миллиамон. Дар ин росто  мебояд фарҳанги таҳияи матоъ ва  либософарии миллатамонро бо назардошти равандҳои замони муосир ташаккул диҳем, зеро дар гузашта санъати машшота ва либос  дар фарҳанги халқамон бисёр заминаи  устувор ва амиқ дошт. Дар осори тамаддуни моддии мардумамон,  хусусан дар ҳафриёти Панҷакент, нақшҳои рӯидевории  Истаравшан  намунаҳои барҷастаи либосҳо дар ҳолатҳои гуногун дар санъати миниётур –наққошӣ  тасвир гардидаанд.

Бадбахттарин мардум он мардумест, ки арзишҳои фарҳангии худро  нодида мегирад

Дар санъати наққошии мардуми мо  ягон нафар зане дида намешавад, ки  дар чодар ва ба истилоҳ  бо рӯсарӣ тасвир шуда бошад,- меафзояд донишманди тоҷик. Ҳатто дар китобҳои осори фарҳангию таърихии тоҷикон доир ба ороиш ва дӯхти либос тасвирҳо инъикос ёфтаанд, ки дар онҳо рӯсарӣ ҳамчун атрибути миллати тоҷик сабт нагардидааст.  Ин дар ҳолест, ки дар осори  таърихии мо навишта шудааст, ки   «бадбахтарин мардум он мардумест, ки арзишҳои таърихии фарҳангии хешро нодида гирифта,  диду маниши бегонаро ба сари халқи худ чун суннат ва арзишҳои дерин  таҳвил мекунад». Аз ин рӯ, истифодаи либос ва дигар ашёҳои  бегона аз ҷониби  баъзе занону духтарони кишварамон ба фарҳанги дерини мо ягон иртибот надорад. Ин  тамоюл кори гурӯҳи одамонест, ки арзишҳои бегонаро  ба сари мардуми мо таҳвил доданианд. Бонувони  мо аз  паст будани сатҳи маърифат  ва тафаккури танг имрӯз ба русуми  бегонагон арҷ гузоштаанд, ки он бозгӯи  хотираи таърихии худро гум кардан аст. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар давраи таърихӣ бо гузашти замон бо рӯйдодҳои фарҳангӣ  ва таҳаввулоти сиёсӣ- иқтисодӣ ва  фарҳангӣ тағйирот ворид мешаванд  ва ин тағйирот ба сару либос низ марбутанд.  Фарҳанги либоспӯшии тоҷикон шахшуда набуда,  ҳамеша дар таҳаввулот буд. Мо бояд дар таҳияи либос  бо такя ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ пеш равем. Зардушт ҳам дар замони худ гуфта буд, ки «бо замона тоза шавед». Ин маънои  онро надорад, ки  ҳама  чизро рад намоем. Бояд ҳангоми таҳоҷуми  фарҳангӣ, ки аз  берун сурат мегирад, нисбат ба ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллиамон бетафовутӣ зоҳир накунем.

Фарҳанги либософариро ташаккул бояд дод

Дар самти ташаккули фарҳанги либософарӣ бояд бо тозагӣ ва  диди нав назар афканем. Мардуми тоҷик  дар таҳияи либос аз колоҳои зиёди хушсифат истифода мекард,- таъкид менамояд профессор Раҷабов.  Имрӯз мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки бархе аз бонувони мо дар интихоби матоъ  ва либос  чандон салиқаи хуб  надоранд, зеро баъзе либосҳое, ки  бонувон ба бар менамоянд, аз лиҳози ранг, нақшу ороиш ва тарзи дӯхташон  шинам ва чашмрабо нестанд. Бояд мардум ба навгонӣ рӯ орад. Дар интихоби матоъ ва ранги он диди тоза дошта бошанд. Шарт нест, ки дар таҳияи либос матоъҳои қиматбаҳоро интихоб кунем,  балки аз  матоъҳои оддӣ, ба мисли чит, сатин,  шоҳӣ, адрас, атлас  ва дигар матоъҳое, ки аз пахта, абрешим ва дигар нахҳои табиӣ омода карда шудаанд ва барои таҳияи либос мувофиқу роҳатбахш ва хеле зебову шинаманд, истифода намоем.

Иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат дар эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ

Солҳои охир маҳз бо шарофати иқдомҳои наҷибу фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон  корхонаҳои атласу адрасбофӣ эҳё ва бозсозӣ мегарданд, ки он  заминаи мусоидро барои рушди арзишҳои миллӣ –фарҳангӣ фароҳам меорад. Пешвои миллат моро ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёру зирак бошем.

Мушоҳидаҳо  бозгӯи онанд, ки имрӯз бозору дӯконҳои кишварамонро  матоъҳои аз нахи сунъӣ омоданамудаи чинӣ лабрез намудаанд. Тоҷирони чинӣ нақшҳои  сӯзании моро бурда,  каме  тағйир дода,  дар Чин аз нахи сунъӣ матоъ истеҳсол карда, ба кишварамон ворид менамоянд,  занону духтарони мо аз он матоъҳои сунъии чинӣ ба таври васеъ дар омода намудани либос истифода менамоянд. Он нақшҳо на барои  таҳияи пироҳан ва дигар либосҳо,  балки барои ҷиҳози хона, хусусан сӯзанӣ ва барои  ҷили асп хосанд, зеро ҳар нақш ҷои худро дорад. Дар ин росто,  иттиҳодияҳои ҳунармандони Тоҷикистон ва дигар идораҳои марбутаро зарур аст, ки аз  арзишҳои фарҳанги миллӣ дифоъ кунанд. Чунки ҳадафи тоҷирони хориҷӣ пайдо намудани бозор дар кишварамон буда ва ин шакли бади бозорпайдокунист, ки тавассути таҳоҷуми фарҳангӣ арзишҳои миллию фарҳангии моро аз байн мебарад. Ҳамзамон имрӯз моро зарур аст, ки  дӯхти пироҳани чаканро дар шакли нав ба роҳ монем,- меафзояд  фарҳангшинос А.Раҷабов . — Бояд дар ин замина тарроҳон кор кунанд, намунаҳои беҳтарини матоъ ва нақшҳоро интихоб намоянд, зеро баъзе нақшҳое, ки дар чакан истифода мекунанд, хоси либос нестанд. Дар либосороӣ  бояд ба суннатҳои дерин,  арзишҳои фарҳангӣ ва осори  таърихие,  ки дар нақшҳои  рӯи девор,  миниётурҳо ва сарчашмаҳои ҷудогонаи таърихӣ оварда шудаанд, хусусан он рисолаҳое, ки ба санъати бофандагӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, ороиши либос ва ранги матоъ иртибот доранд, такя намоем. Дар ин самт мебояд гурӯҳи калон ё марказе таъсис дода шавад, ки  дар он истеҳсолкунандагон, тарроҳон, наққошон, ороишгарон,  муҳаққиқони соҳа ва дар маҷмӯъ, мутахассисони ҳунари либософарӣ  ҷамъ шаванд ва нақшу  нигорҳоеро, ки дар  фарҳанги либософарӣ вуҷуд доранд, мавриди омӯзиш ва роҳандозӣ қарор дода,  барои бонувон либосҳои беҳтарин офаранд. Инчунин метавон ҳунари читгариро рушд дода, аз он беҳтарин либосҳоро мувофиқ ба иқлими диёрамон ва завқу салиқаи бонувон омода созем.

Ниёконамон фарҳанги баланди либософарию либоспӯшӣ доштанд

Тоҷикон дар фарҳанги либоспӯшӣ бисёр муқаддам буданд.  Ҳатто либос дар осори таърихии халқамон   гурӯҳбандӣ шуда буд. Мо, тоҷикон либоси хонагӣ, меҳмондорӣ, ҷашнӣ, тӯӣ, арӯсӣ, азодорӣ, либоси ба кишвари дигар рафтан-  расмӣ- ташрифотӣ доштем. . Ҳатто либос  ба синну сол-кӯдакона, наврасон, ҷавонон, миёнасолон, куҳансолон табақабандӣ гардида буд ва аз рӯи синн, матоъ, ранг ва дӯхти он мушаххас мегардид. Вале  имрӯз дар байни  як чордевор қарор гирифтаем. Фарҳангшиноси тоҷик меафзояд, ки ранг дар фарҳанги либоспӯшии тоҷикон аҳамияти муҳим дорад. Ранги либос  таҷассумгари  рӯҳияи инсон аст. Ранги либоси умумиқабулшудаи  тоҷикон дар маросимҳои хурсандӣ  рангҳои равшан, ҳамсони табиат, гулу майсаҳо ва рангҳои офтобӣ мебошад. Ранги либос баробари дидан   чашм  ва рӯҳияи ботинии инсонро  ба атрофиён баён мекунад, зеро ҳар як ранг семантикаи хос  дорад. Ранги сиёҳ дар таърихи фарҳанги мо усулан  истифода намешавад ва бисёр кам андар кам дар ҳолати муайян, агар ба  нақшҳои барҷастаи ҳафриёти Панҷакенту Истаравшан нигаред, мебинед, ки ранги сиёҳ дар маросим ва рӯзҳои азодорӣ тасвир шудааст. Ҳатто рӯймолҳо ва рӯсариҳои сиёҳ, ки имрӯз бархе аз бонувони тоҷик аз он истифода менамоянд,  ин нишонаи тира,  пиндори бад, бадбахтӣ,  маъюс  ва ноумед будан дар зиндагӣ мебошад.  Рангҳои равшан дар зиндагӣ хушбин будан, умед ба фардои нек ва ояндабин буданро таҷассум менамоянд.

Чӣ бояд кард, то дар бозоргир шудани  матоъҳо ва дӯхти либос муваффақ гардем?

Дар масъалаи  омода намудани матоъ ва либос бояд бо мутахассисони ботаҷриба муштаракона кор бурда шавад, то дар бозорёбии матоъҳои миллӣ ва дӯхти либос муваффақ гардем. Бояд либоси   миллиро бо такя ба суннатҳои таърихию фарҳангии   дерини тоҷикӣ таҳия созем. Нахуст мебояд навъҳои гуногуни матоъҳои аз пахта ва абрешим омодашуда.   ба мисли чит, сатин,  шоҳӣ, атлас ва адрасро бо назардошти иқлими маҳал  интихоб кард. Хусусан истифодаи нақши матои занонаро, ки дар аҳди Сомониён,  ҳатто дар бозорҳои  ҷаҳон,  бахусус Аврупо  маъруф  ва бозоргир буд, дар шакли  навгонӣ роҳандозӣ намоем. Инчунин  дар масъалаи  тарҳ ва дӯхти либоси бонувон бояд иқлими маҳал, муҳити хонаводагӣ, синну сол, қомату чеҳра ба инобат гирифта шаванд. Дар ин замина,  дар кишвар бояд фарҳанги матоъшиносиро рушд дод.

Тоҷикон аз қадимулайём мардуми шаҳрнишин ва зебоипарастанд

Тоҷикистон давлати мустақил ва мутамаддин аст. Дар ин росто аз лиҳози андеша,  дид,  муошират   ва фарҳанги либоспӯшӣ мебояд нуфузу мартабаи  кишварамонро баланд бардорем, то дар миёни дигар халқу миллатҳои ҷаҳон аз фарҳанги либоспӯшиамон ифтихор дошта бошем ва  шаҳрвандони хориҷие, ки ба кишвари мо меоянд, на танҳо аз меҳмоннавозии мо, тоҷикон,  балки аз тарзи либоспӯшиамон  низ ба ваҷд оянд. Чунки тоҷикон аз қадимулайём табиатан мардуми шаҳрнишину зебоипарастанд. Бояд бо тамаддуни шаҳрнишинӣ,  диди баланди зебоипарастӣ дар замони ҷаҳонишавӣ арзишҳои фарҳанги миллии худро аз таҳоҷуми фарҳангҳои ғайр ҳифз намоем,- таъкид кард Аскаралӣ Раҷабов. — Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз бонувони мо бо либосҳои хонагӣ, пироҳанҳои ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикон бегона дар кӯчаҳои пойтахт гаштугузор менамоянд. Савол пеш меояд, ки чаро имрӯз пойтахти мо ба маданияти пасти либоспӯшӣ мувоҷеҳ гардидааст?

Моро лозим аст, ки суратамонро зебо ва сиратамонро ғанӣ гардонем. Мардум бояд хулоса барорад, ки шаҳрнишин буданд ва ҳастанд, чунки либос- ин тамаддун ва шаҳрнишинии моро таҷассум менамояд. Инчунин  пойтахт симои ҳар як миллату давлат буда, дар инъикос ва муаррифии арзишҳои фарҳангии халқамон  нақши муассир  мебозад. Бояд атрофи ин масъала тамоми сохторҳои марбута дастаҷамъона кор баранд.

Корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро бояд аз муҳити хонаводаҳо, дар сатҳи маҳаллаҳо, муассисаю идораҳо оғоз кард, бахусус  корҳои  тарғиботиро дар байни мардон бояд бурд, зеро яке аз сабабҳои асосии ба фарҳанги бегона рӯй овардани занон- ин бо хоҳиш ва амри шавҳаронашон-мардони хонавода, ки баъзеашон хурофотпарастанд,  сурат гирифтааст. Инчунин ин гуна корҳоро байни модарон  бояд пурзӯр гардонид, зеро зан-модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон додааст ва нақши модарон дар боло бурдани арзишҳои маънавию фарҳангии ҷомеа хеле бузург аст. Дунё дар ҳолати таҳаввулоти бузурги сиёсию фарҳангӣ қарор дорад, дар ин самт бояд мардумамонро омода намоем.

              Чаро фарҳанги бегона  ба ҷомеи мо ворид гардид?

Як сабаби ба ҷомеаи мо ворид гардидани фарҳанги  бегона кори дасти кишварҳои манфиатхоҳест, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллати мо зарба зананд,- мегӯяд доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов. — Аз ин рӯ, бояд дар ин масъала  ҳушёр бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар байни мардумамон корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷоннок гардонем. Аз сухан ба амал гузарем ва муҳимаш он ки бояд таърихи фарҳангсозии худро фаромӯш накунем, онро эҳё ва ташаккул диҳем. Он гурӯҳҳое, ки фарҳанги бегонаро оварда,  ба сари мардуми  худ таҳвил мекунанд,  нисбат ба миллати худ бадтарин корро анҷом медиҳанд.  Пеши роҳи ин тоифа шахсонро бояд гирифт.

Муаррихи тоҷик афзуд, ки ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад  фарҳанги бегонаро ба сари миллати мо бор  кунад.

Июль 31, 2017 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст