Роштқалъа: Сулаймоншо замини санглохро ба ҷангалзор табдил дод
ХОРУҒ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Шохиризми ноҳияи Роштқалъа Сулаймоншо Давлатқадамов бо аҳли хонаводааш ҷангали нобудшудаи деҳаро дуввумбора барқарор карданд. Масоҳати ин ҷангал 7 гектар буда, шумораи дарахтони сояафкану сафедор то ба 15 ҳазор расидаанд. Ба гуфтаи ин ҷангалбон, дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷангалпарварӣ низ усули нави идоракунӣ ҷорӣ шуд, ки пас аз он ҷангалҳои куҳна барқарор карда шуданд ва дар замини бекорхобидаву шӯразор ҷангалҳои нав доман паҳн намуданд.
«Мутобиқи усули нав як қисми ҷангалҳо ба ҳоҷагиҳои инфиродӣ ба иҷора дода шуданд. Ман низ яке аз ҷангалҷои деҳаро, ки дар аввали солҳои 90-ум комилан аз байн рафта буд, ба иҷора гирифтам. Дар соли аввал наздик ба 1000 бех ниҳол шинондам, аммо азбаски ҷангал дар канори рӯдхонаи кӯҳӣ ҷойгир аст, дар фасли тобистон об онро зер мекард ва дарахтонро шӯста мебурд»,-мегӯяд Сулаймоншо Давлатқадамов.
Номбурда чанд сол пеш дар чаҳорчӯби барномаи «Ғизо дар ивази кор»-и СММ 15 тонна орд гирифта, шаш нафар ҳамдеҳагони худро барои мустаҳкам кардани соҳили рӯдхона ҷалб намуд. Онҳо дар масофаи зиёда аз 500 метр соҳили рӯдхонаро девор кашиданд.
Яке аз дигар мушкилоте, ки намегузошт дарахтон хуб нашъунамо ёбанд, ин ба таври кофӣ мавҷуд набудани об буд. Сулаймоншо Давлатқадамов бо кандани наҳр дар масофаи 5 километр тамоми дарахтони ҷангалро аз об таъмин кард. Ҳоло ният дорад, ки дар ин наҳр моҳӣ парвариш намояд. Ба гуфтаи ҷангалпарвар, аз вилояти Суғд тухми ангатро оварда, дар як канори ҷангал, дар майдони як гектар боғи ангат бунёд кард.
Дар айни ҳол ин замини як замон санглох ба як ҷангали зебо ва ҷои тамошо табдил ёфтааст. Дар баробари ин ҳамасола аз ҷангали мазкур беш аз 400 метри кубӣ ҳезум ва 10 метри кубӣ чӯб барои сохтмон содир карда мешаванд.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






