Сафири Франсия дар Тоҷикистон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Франсия имрӯз зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар баррасӣ гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Абдуфатоҳи Ғоиб зикр кард, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро байни Тоҷикистон ва Франсия фароҳам меоварад. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои савдои хориҷа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия дар соли 2015-ум 9,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки он дар соли гузашта 34 фоиз афзуда, ба 13 миллион доллар расонида шуд. Дар панҷ моҳи соли равон бошад, гардиши мол байни ду кишвар 2,1 миллион доларро ташкил дод.
Дар мулоқот ҳамзамон лоиҳаи сохтмони манораи назоратию диспетчерии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баррасӣ гардид. Сафири Франсия дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш талош хоҳад кард.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






