Сафири Тоҷикистон дар Берлин бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия мулоқот намуд

Июль 21, 2017 10:14

ДУШАНБЕ, 21.07.2017./АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин Сафир Маликшо Неъматов бо ҳамраиси бахши олмонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону  Германия оид ба ҳамкориҳои молиявӣ-техникӣ, роҳбари Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чини Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди  Германия   Катрин Оеллерс ва сардори бахши Тоҷикистон дар раёсати номбурда  Клаус Тансбергер мулоқот анҷом дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар Германия иттилоъ доданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо раванди иҷроиши бандҳои Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия оид ба ҳамкориҳои молиявӣ-техникӣ барои солҳои 2016-2017-ро мавриди баррасӣ қарор дода, амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди минтақавиро мусбӣ арзёбӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар навбати худ зарурати идома додани ҳамкориҳо дар самтҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, пешгирии офатҳои табиӣ бо сабаби дигаргуншавии иқлим, рушди минтақавӣ, инчунин лоиҳаҳои фаромарзӣ бо дарназаргирии кишвари ҳамсояи Афғонистонро мувофиқи мақсад шуморид.
Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо баргузории машваратҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникии байни Тоҷикистону Германияро дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бамаврид шуморида, изҳори боварӣ намуданд, ки ҷонибҳо дар ин машваратҳо самтҳои нави ҳамкориҳоро низ баррасӣ хоҳанд намуд.

 

Июль 21, 2017 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд