Суғд: дар нимсолаи якум 4000 дона фиттаҳои дорои хусусияти ваҳшонияту зӯроварӣ нобуд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак ва бо тартиб додани санадҳо аз нуқтаҳои фиттафурӯшии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилоят як қатор фиттаҳои пастсифату пастмазмун барчида шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, дар нимсолаи якуми соли равон 4000 дона фиттаҳои пастсифату дорои хусусияти ваҳшонияту зӯроварӣ мусодира ва нобуд карда шудааст.
Зимни гузаронидани рейдҳои муштарак ба соҳибони дӯконҳои фиттафурӯшӣ тавсия дода шуд, ки барои риояи талаботи мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






