Суғд: таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба тарғиби либосҳои миллӣ
ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 3 июли соли 2017 ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни занону духтарон ҷиҳати нигоҳ ва гиромӣ доштани фарҳанги ниёгон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи он маҳсуб мешавад, баррасӣ гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин робита аз ҳисоби фаъолону шахсони масъули вилоят ва шаҳри Хуҷанд 21 адад гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз 4 июли соли равон онҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Гурӯҳҳои корӣ дар ҳамаи маҳаллаҳо, марказҳои савдо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо бо занону духтарони вилоят вохӯриҳо доир намуда, дар бораи гиромӣ доштани либосҳои миллӣ ва рушду мутобиқати онҳо ба замони муосир суҳбатҳо мегузаронанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






