ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 июл, чоршанбе, 200-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 165 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
19 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ-Раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд. «Густариш додани муносиботи судманд бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар қитъаи Осиё аст», — изҳор дошта буданд зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
***
19 июли соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо кори кишоварзону дигар истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карда буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кори хоҷагиҳои зиёди кишоварзӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Ваҳдат шинос шуда, бо роҳбарон ва мутахассисону фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати васеи корӣ баргузор намуданд.
***
19 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, имзо гузоштанд.
***
Расо як сол қабл, 19 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Валерий Шантсевро ба ҳузур пазируфта буданд. «Мо ба рушди марҳила ба марҳилаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия изҳори ҳавасмандӣ менамоем»,-таъкид карданд Сарвари давлат ва афзуданд, ки ҳамёрии кишварҳои моро муносибатҳои неки стратегии дуҷониба ва минтақавӣ таҳким мебахшад.
19 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Никарагуа – Рӯзи инқилоб.
***
Дар Россия – Рӯзи кормандони ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ.
РӮЙДОДҲО:
19 июли соли 2010 дар шаҳри Монктони Канада Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук байни ҷавонон оғоз гардида буд, ки Тоҷикистонро дар он Галина Митяева намояндагӣ карда буд.
***
11 сол муқаддам, 19 июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфтааст.
***
107 сол пеш, 19 июли соли 1900 дар шаҳри Парижи Франсия бори аввал метро ба кор даромадааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1928 Хитой ҳамаи шартномаҳои «ноадолатона»-ро бо давлатҳои Аврупо бекор карда буд.
***
Имрӯзи соли 1940 дар Англия ҳангоми ҷанг фурӯши мошини навро қатъ карда буданд.
***
19 июли соли 1980 дар шаҳри Москва Бозиҳои XXII тобистонаи олимпӣ оғоз гардидаанд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 дар Лондон паради ҳарбӣ 21 соат идома ёфтааст.
***
Соли 1924 аввалин шумораи рӯзномаи «Красный спорт» нашр шудааст.
***
Соли 1952 Пезиденти Финляндия Юхо Паасикавӣ Бозиҳои XV тобистонаи олимпиро расман оғоз бахшид.