ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, шанбе, 332-юмин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 28, 2026 08:00

28 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам, ки аз ҷониби Маркази шоҳигарии таҳқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад, дохил гардиданд.

***

28 ноябри  соли 2016 дар Маҷористон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.

***

28 ноябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашқободи Туркманистон иштирок намуданд

***

28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

28 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии ҳамдардӣ.

***

Дар Панама –Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

28 ноябри  соли 1947 аввалин шумораи рӯзномаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон»  нашр шуд.

***

28 ноябри соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» қабул гардид.

***

16 сол қабл, 28 ноябри соли 2010 дар ноҳияи Данғара маросими ботантанаи оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон оид ба масъалаи ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014  дар Тоҷикистон «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» қабул гардид.

***

28 ноябри соли 2022 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва «China Railway Wuju (Group) барои сохтмони чор қитъаи роҳи мошингард дар шимоли Тоҷикистон қарордод ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Туркманистон санади  ҷаласаи 12-уми Комиссия аз ҷониби ҳамраисони ҷаласа ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1950  «План Коломбо» — ташкилоти байналмилалӣ оид ба кумак расонидан дар рушди иқтисодиёти кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором таъсис дода шуд.

***

Соли 1994 дар Норвегия дуюмин маротиба барои дохил шудани кишвар ба Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ гузаронида шуд, ки аксарияти интихобкунандагон узвият ба Иттиҳоди Аврупоро рад карданд.

***

Соли 2016 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо қисми зиёди аъзои дастаи футболи Бразилия «Шапекоэнсе» ба ҳалокат расиданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Равшан Раҳмонӣ, соли 1954 — фолклоршинос, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор, доктори илмҳои филологӣ (1998), профессор (2002).

 

Ноябрь 28, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, ҷумъа, 331-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, панҷшанбе, 330-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, чоршанбе, 329-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, сешанбе, 328-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, душанбе, 327-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, якшанбе, 326-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, шанбе, 325-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, ҷумъа, 324-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, панҷшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, чоршанбе, 322-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, сешанбе, 321-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, душанбе, 320-умин рӯзи соли 2026 аст