ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 июл, ҷумъа, 202-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 163 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
21 июли соли 2010 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 қонун, аз ҷумла 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расидаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи парандапарварӣ», «Дар бораи ихтирооти махфӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
***
21 июли соли 2010 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба татбиқ гардидани нақшачорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон дар рейтинги байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ машварат баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуда буданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000 зоҳир гардид, ки тибқи он неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол мегардад.
***
Ду сол пеш, 21 июли соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки 20 — 21 июли соли 2015 дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт рух дода буданд, супоришҳои мушаххас доданд.
21 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Белгия- Рӯзи миллӣ.
***
Дар Гуам – Рӯзи озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
21 июли соли 2011 Маҷлиси миллии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки Маҷлиси намояндагон қабул карда буд, ҷонибдорӣ намуд.
***
21 июли соли 1822 аввалин империяи Мексика таъсис ёфтааст.
***
147 сол муқаддам, 21 июли соли 1870 дар Лондон аввалин Агентии ақди никоҳ ба кор оғоз намудааст.
***
21 июли соли 1983 дар истгоҳи «Восток»- Антарктида ҳарорати пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шудааст, ки он −89,2 °C-ро ташкил додаст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1959 дар ИМА аввалин киштии коммуналии атомии «Саванна» ба об сар дода шудааст.
***
Соли 1969 аввалин бор одам ба сайёраи Моҳтоб баромадааст. Ӯ Нил Армстронг, командири киштии кайҳонии Америка — «Аполлон-11» буд.