Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба сар задани бемории домана дар ноҳияи Бохтар маълумоти расмӣ пешниҳод кард

Июль 12, 2017 18:02

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сар задани бемории домана дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» маълумоти расмӣ пешниҳод кард, ки дар он омадааст:

«Бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи эпидемиологии бемориҳои таввассути об сироятёбанда ва расонидани кӯмакӣ амалӣ гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар сафарбар карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани омӯзишҳо  муайян гардид, ки омили асосии хуруҷи бемориҳои тавассути об сироятёбанда дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар аз обҳои кушод мебошад. Муайян гардид, ки каналу ҷӯйборҳо дар маҳалҳои аҳолинишин аз даруни ҳавлиҳои шаҳрвандон гузашта, ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳоҷатхонаҳо дар масофаи то 1 метр аз шохоби дарёча сохта шуда, пасобаи ҳамомҳо ва саршӯйхонаҳо ба оби каналу ҷӯйборҳо мерезанд.

Инчунин, муайян гардид, ки то имрӯз 5 нафар гирифторони бемории  домана бистарӣ гардидаанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар ҳама нуқтаҳои аҳолинишини ҷамоат аз ҳисоби кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаи марказӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия вобаста карда шуданд. Ҳар як гурӯҳи муттахассисон вазифадор карда шудаанд, ки ташрифҳои хонагиро дар минтақаи худ ҳамарӯза ба роҳ монда, дарёфти фаъоли шахсони гумонбар ба бемориҳои шадиди рӯдаро таъмин намоянд ва барои муоина ба назди духтури сироятшинос роҳхат диҳанд ва иншооте, ки ҳамчун манбаи хатар дар наздикии каналу ҷӯйборҳо мавҷуданд безарар ва нест гардонида шаванд.

 Баҳри гузаронидани корҳои безараргардонӣ ба муассисаҳои табобативу профилактикӣ маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуда, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ низ пурзӯр карда шуд. Пас аз андешидани чораҳои зарурӣ аз санаи 21 июн то инҷониб ягон ҳодисаи нави гумонбар ба бемории домана дарёфт нагардидааст».

Маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои муовини якуми вазир С.Умарзода ба АМИТ «Ховар» пешниҳод шудааст.

Июль 12, 2017 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад