Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар дошта шудааст

Август 26, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти   Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 26 август, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боридани борон пешгӯӣ карда мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 26-31 дараҷа гармӣ дар назар дошта шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 0-5 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 14-19 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона  34-36 дараҷа гарм мешавад.

Август 26, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид