Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳияи Панҷ

Август 18, 2017 09:06

ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳия, ки дар деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов баргузор гардид, боздид ба амал оварда, бо намунаи дастранҷи меҳнаткашони ноҳия шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ якчанд намуд маҳсулоти нониву қаннодӣ, намунаи истеҳсоли анвои ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ ва намудҳои гуногуни мева, аз қабили ангуру олу, анор, нок, себ, шафтолу ва дигар меваҳои ширин ба маъраз гузошта шуда буд. Гӯшае аз ин намоишгоҳро хушкмеваҳо зебу оро медоданд, ки аз пиставу бодом, себу зардолуи хушк, олучаву нок, гиёҳҳои кӯҳӣ, алафҳои доруворӣ ва асал иборат буд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ аз маҳсули дастони кишоварзони ноҳияи Панҷ изҳори қаноатмандӣ карда, нақши онҳоро дар таъмини  амнияти озуқавории ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ  намуданд.

Намунаи маҳсулоти шириву гӯштӣ, тухми мурғ, шир, ҷурғот ва дигар маҳсулоти ширдор низ дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд.

Саноати хӯрокворӣ дар чанд соли охир дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ тамоюли афзоиш дошта,  истеҳсоли консерва,  маҳсулоти консервагӣ ва обҳои нӯшокии ташнашикан васеъ ба роҳ монда шудааст.

Аз маҳсулоти дар шакли  пирамида барчида аён буд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Панҷ дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ  нишондиҳандаҳои назаррасро соҳиб шудаанд. Аз ҷумла, имсол дар ноҳияи Панҷ бештар аз 30 ҳазор тонна ғалла, 13 ҳазор тонна картошка, 13 640 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокӣ  аз 41 то 231 сентнериро ташкил медиҳад.

Имсол дар ноҳия 11 ҳазор тонна полезӣ ва 657 тонна мева истеҳсол шудааст, ки мева 42 тонна ва полезиҳо қариб 2 ҳазор тонна зиёд мебошанд.

Баъд аз тамошои намоишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дидан намуда, дар ин ҷо ба маъракаи ҷамъоварии  ҳосили пахта оғоз бахшиданд. Хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо тарзи дурусти корбарӣ, истифодаи мақсадноки замин ва  ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз дигар хоҷагиҳои ноҳия тафовут дорад. Тавре деҳқони ҷавон Абдулҳафиз Хоҷаев дар суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ӯ имсол дар замини хоҷагии деҳқониаш пахта, полезӣ, картошка, сабзӣ, шалғам, мош, лӯбиё ва карам парвариш намуда, дар баробари беҳтар кардани сатҳи зиндагии оила,  ҳамзамон дар фаровониву арзонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузорад.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳия Панҷ 18.08.2017

Август 18, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд