Дар Душанбе Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин таъсис дода шуд

Август 19, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 19.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ гардид.

Дар ин бора  ба АМИТ “Ховар” аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.

Шӯрои мазкур бо мақсади роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, кӯмак намудан ба муассиса ва корхонаю ташкилотҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолият хоҳад намуд.

Август 19, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд