Дар Тоҷикистон «ҳоҷизиёрат» манъ гардида, маросимҳои азодорӣ бе забҳи чорво ва бе таом гузаронида мешаванд

Август 23, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми маросими баргузории  дафну азодорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бидуни забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ин раванд тибқи ворид намудани   тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сурат мегирад, ки он имрӯз аз ҷониби вакилони Парлумони мамлакат қабул гардид. Аз ҷумла,  маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон  дар Тоҷикистон  баргузории маъракаи «ҳоҷизиёрат» аз ин  ба баъд манъ гардида, дар оянда тартиби сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои  адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Август 23, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд