Ифтитоҳи бинои нави Маркази ҷавонон дар ноҳияи Дӯстӣ
ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар вазъи мутантан бинои нави Маркази ҷавононро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлатро дар саҳни бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавонон насли хуштолеи замони истиқлол — ҷавонони ноҳия бо самимият ва муҳаббати хосса истиқбол намуданд.
Бинои нави Маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ аз 2 ошёна иборат буда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Иншооти мазкур дар зарфи ду сол бо маблағи 4, 5 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар ин бино ҳуҷраҳои таълимӣ, ки дар онҳо ба ҷавонон дарсҳои информатика, санъати мусиқӣ, рассомӣ ва дигар касбу ҳунарҳо омӯзонда мешаванд, ҷойгиранд.
Дар Маркази ҷавонон инчунин шароит барои машқи бадан, омӯхтани дигар намудҳои варзиш, аз қабили шашкаю шоҳмот фароҳам оварда шудааст. Дар маҷлисгоҳи ин бино, ки 200 ҷойи нишаст дорад, имконияти гузарондани ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ ва семинару курсҳои омӯзишӣ имконпазир аст.
Сарвари давлат ин бинои зеборо тӯҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Дӯстӣ номида, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии насли ояндасози миллат корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолии кишвар дастгириҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш назаррас буда, ҷиҳати таъмини некуаҳволии ояндасозони миллат пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Соли 2017 эълон гаштани Соли ҷавонон ва дар доираи он бунёд шудани марказҳо барои ҷавонон, сохтмони иншооти варзишӣ ва ба омӯзиши касбҳои муосир фаро гирифтани онҳо аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар маркази ноҳияи Дӯстӣ инчунин сохтмони варзишгоҳи замонавӣ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад, ки соли оянда он низ дар ихтиёри ҷавонони ноҳия қарор хоҳад гирифт.
Пешвои миллат ҷавононро ба касбомӯзӣ, аз худ намудани илмҳои муосир ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ даъват намуда, иброз доштанд, ки айни ҳол дар бозори меҳнат талабот ба он мутахассисоне зиёд аст, ки дорои малакаи баланди касбӣ ва донишҳои муосир мебошанд. Таъкид гардид, ки ба фаъолият шурӯъ кардани бинои нави Маркази ҷавонон барои баланд бардоштани малакаи касбӣ, забономӯзӣ ва воқиф будан аз технологияҳои муосир ба ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ хизмат хоҳад кард.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






